Сурайё Оқоӣ ситораи бадминтони Эрон кист? + акс
-
Сурайё Оқоӣ - Узви тими миллии бадминтони бонувони Эрон
Порс Тудей, Сурайё Оқоӣ, яке аз бонувони варзишкори эронӣ аст, ки тавонист бо ҳузур дар олимпӣ номи худро дар байни бонувони пуровозаи эронӣ сабт кунад.
Сурайё Оқоӣ мутаваллиди 29 январи 1996, бозикуни бадминтони тими миллии Эрон аст, ки аз 9 солагӣ ворид бадминтон шуд ва ҳоло нафари аввали Эрон дар ин ришта варзишӣ аст.
Ба гузориши Порс Тудей, Оқоӣ тавонист дар 14 солагӣ таҷрибаи бозӣ дар тими миллии бадминтони навҷавонони Эронро ба даст оварад.

Зиндагӣ ва хонавода
Оқоӣ дар хонаводаи ҳунарманд ба дунё омада, падараши наққоши ҳирфаӣ аст ва таблуҳои ранги равған кор мекунад. Фақат худаш дар ин ришта фаъолият мекунаду риштаи фаъолияти дигари аъзои хонаводааш, футбол ва баскетбол аст. Як бародар ва як хоҳар дорад.

Тӯҳфаи сарнавиштсоз
Оқоӣ мегуяд, тӯҳфаи таваллуди ҳафтсолагиаш, ки як ракети асбоббозӣ буда ӯро ба дунёӣ бадминтон овардааст. Ӯ мегуяд, бадминтонро хеле дӯст дорам, вале шояд агар ҳеҷ вақт он тӯҳфаро намегирифт роҳаш ин намешуд.

Ифтихорот
Аз ҷумлаи ифтихороту медолҳои Оқоӣ метавон ба касби мақоми сеюм дар мусобиқоти байналмилалии Қазоқистон ва дар рақобатҳои байналмилалии Муғулистон, мақоми сеюм як нафара ва мақоми дувуми ду нафара ва касби мақоми сеюми инфиродӣ дар мусобиқоти байналмилалии Ироқ ва мақоми аввали дубл ва ҳузур дар кампи нухбагони бадминтони Осиё ва ҳузур дар феҳристи 100 бадминтонбози бартари ҷаҳон ишора кард.

Касби саҳмияи олимпӣ
Сурайё Оқоӣ, бозикуни тими миллии бадминтони Эрон муваффақ шуд саҳмияи ҳузур дар мусобиқоти Олимпии 2020 Токиоро касб кунад ва дуюмин варзишкори бадминтони таърихи варзиши Эрон дар мусобиқоти олимпӣ ном бигирад.
