Чашмандози тиҷорати 10 миллиарддолларии Эрону Русия то соли 2029
(last modified Thu, 17 Apr 2025 12:39:43 GMT )
Апрел 17, 2025 17:39 Asia/Dushanbe
  • Чашмандози тиҷорати 10 миллиарддолларии Эрону Русия то соли 2029

Порс Тудей - Як таҳлилгари аршади равобити иқтисодии Эрону Русия бо ишора ба афзоиши чашмгири ҳузури туҷҷори рус дар бозори Эрон, аз ҷаҳиши эҳтимолии тиҷорати дуҷониба то сақфи 10 миллиарддоллар тайи чаҳор соли оянда хабар дод.

Александр Шаров, корофарину коршиноси ҳамкориҳои иқтисодии Эрону Русия дар мусоҳибае эълом кард, ки тайи солҳои ахир теъдоди корофаринони русӣ, ки бо Эрон ҳамкорӣ мекунанд се баробар шудааст.

Ба гузориши Порс Тудей ба нақл аз ТВ БРИКС, Шаров бо ишора ба имзои «тавофуқномаи мушорикати ҷомеъи роҳбурдӣ» миёни ду кишвар, онро омили муҳим дар таъмиқи равобити иқтисодӣ, афзоиши ҳаҷми тиҷорати дуҷониба ва равнақи фаъолиятҳои тиҷорӣ донист.

Шаров пешбинӣ кард, ки тайи се то чаҳор соли оянда, сатҳи тиҷорат миёни Эрону Русия аз рақами кунунии 4 миллиарддоллар ба ҳудӯди 10 миллиард доллар хоҳад расид.

Ба гуфтаи вай, ин рушд умдатан аз тариқи содироти газ, маҳсӯлоти петрошимӣ, маводи ғизоӣ ва тавсеаи масирҳои ҳамлу нақл дар ҳавзаи Дарёи Хазар муҳаққақ хоҳад шуд.

Вай ҳамчунин ҳамкории Теҳрону Маскав дар чаҳорчӯби Иттиҳодияи иқтисодии Авруосиё (EAEU)-ро рӯ ба густариш донисту афзуд: «Эрон дар ҳоли баррасии сенарияи пайвастани наздиктар ба Иттиҳодияи Авруосиё аст; ибтидо ба унвони нозир ва дар оянда эҳтимолан ба унвони узви расмӣ.»

Бар асоси ин гузориш, тавофуқномаи эҷоди минтақаи озоди тиҷории миёни Эрону Иттиҳодияи иқтисодии Авруосиё аз 15 май иҷроӣ мешавад. Тибқи мафоди ин санад, тарофаи гумрукӣ беш аз 80 дарсади колоҳои мубодила шудаи миёни Эрон ва кишварҳои узви иттиҳодия – шомили Русия, Арманистон, Беларус, Қазоқистону Қирғизистон – лағв хоҳад шуд.