Тамадуни эронӣ дар қалби Исломобод; Баргузории ҷашнвораи байналмилалии Баҳор дар Покистон
(last modified Tue, 22 Apr 2025 05:43:54 GMT )
Апрел 22, 2025 10:43 Asia/Dushanbe
  • Тамадуни эронӣ дар қалби Исломобод; Баргузории ҷашнвораи байналмилалии Баҳор дар Покистон
    Тамадуни эронӣ дар қалби Исломобод; Баргузории ҷашнвораи байналмилалии Баҳор дар Покистон

Порс тудей- Ҷашнвораи байналмилалии фарҳанг ва баҳор ба мизбонии донишгоҳи Нумели Покистон бо ҳузури кишварҳои мухталиф аз ҷумла Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Исломбод гушоиш ёфт, ки ғурфаи "Тамадуни эронӣ" мавриди истиқболи пуршури ширкаткунандагон қарор гирифт.

Маросими ифтитоҳияи ҷашнвораи байналмилалии фарҳанг ва баҳор бо ҳузури генерал Шоҳид Маҳмуди Киёнӣ раиси донишгоҳи милли забонҳои навин "NUML" Ризо Амиримуқадам сафири Эрон дар Исломобод, Маҷиди Мишки ройзани фарҳангии сафорати Эрон дар Исломобод, дипломатҳои хориҷӣ, доктор Амири Ёсамин раиси бахши забон ва адабиёти форсии донишгоҳи Нумел, шахсиятҳои илмӣ, асотид ва донишҷуёни донишгоҳи ёдшуда баргузор шуд.

Ба гузориши Порс тудей ин маросим бо боздиди раиси донишгоҳи Нумел ва меҳмонони хориҷӣ аз ғурфаҳои ҳозир аз ҷумла ғурфаи муъарифии фарҳанг ва русуми эронӣ оғоз шуд ва сипас чандин барномаи шод ва мусиқии суннати ба иҷро даромад.

Ризо Амиримуқадам сафири Эрон ва Маҷиди Мишки ройзани фарҳангии сафорати Эрон дар Исломобод бо истиқбол аз раиси донишгоҳи Нумел ва дигар меҳмонони хориҷӣ онҳоро дар ҷараёни тамадун, одоб ва русуми Эрон ба вижа ҷашни бостонии Навруз қарор доданд.

Ҷамъи густардаи аз донишҷуёни покистонӣ ва хориҷӣ аз кишварҳои мухталиф, асотид ва алоқамандон ба тамадуни Эрон истиқболи хуби аз ғурфаи ин кишвар доштанд ва бо вижагиҳои фарҳанги буми ва миллӣ, ҷозибаҳои гардишгарӣ, суфраи ҳафтсин, муъаррифи ғизо ва савғоти эронӣ ба амал оварданд.

Дар ҳошияи маросими ифтитоҳияи ин ҷашнвораи ду руза чандин гуруҳи ҳунари аз кишварҳои мухталиф барномаҳои фарҳангӣ ва суннатиро ба иҷро гузоштанд.

Кишварҳои мухталиф аз ҷумла Фаластин, Инданезия, Чин, Олмон, Туркманистон, Туркия ва Русия низ бо барпои ғурфаҳои ба муъаррифии одод ва русум ва ғизоҳои маҳаллии худ пардохтанд.