Гуфтугуи телефонии Гросси ва Ироқчӣ; Ҳимояти Ожонс аз дипломосии ҳастаӣ Эрон
-
Гуфтугуи телефонии Гросси ва Ироқчӣ; Ҳимояти Ожонс аз дипломосии ҳастаӣ Эрон
Порс тудей- Мудири кулли Ожонси байналмилалии энержи атомӣ аз идомаи музокироти ғайримустақими Эрон ва Амрико истиқбол кард.
Ба гузориши Порс тудей Рафаэл Гросси, мудири кулли Оожонси байналмилалии энержии атомӣ шомгоҳи якшанбе дар гуфтугуи телефонӣ бо Сайид Абоси Ироқчӣ вазири хориҷаи Эрон бар омодагии ин ниҳод барои мусоидат дар пешбурди музокироти ғайримустақими Эрон ва Амрико таъкид кард.
Гросси дар ин гуфтугу зимни истиқбол аз идомаи музокироти ғайримустақими Эрон ва Амрико омодагии ожонсро барои ироаи ҳаргуна ҳимоят дар ин фароянд эълом кард. Вай нақши Ожонсро дар осонии гуфтугуҳои ҳастаӣ бо таваҷҷуҳ ба вазоифи қонунии ин ниҳод мавриди таъкид қарор дод.
Сайд Абоси Ироқчӣ низ дар ин гуфтугуи телефонӣ бо ишора ба таъаҳуди Эрон ба муъоҳидаи манъи ашаъа "NPT" бар идомаи ҳамкориҳои Эрон бо Ожонс дар чорчуби таъаҳудоти байналмилали таъкид кард.
Ироқчӣ ҳамчунин хостори ҳалуфасли сареъи мавзуъоти ҳастаӣ подмони боқимонда бо руйкарди фанни ва ҳерфаӣ аз суи Ожонс шуд ва Гроссиро дар ҷараёни охирин таҳаввулоти муртабит бо гуфтугуҳои Эрон ва Амрико қарор дод.