Аз таърихи муштарак то ҳамкории роҳбурдӣ; Эрону ҷумҳурии Озарбойҷон муттаҳидтар аз ҳамеша
(last modified Tue, 29 Apr 2025 07:24:22 GMT )
Апрел 29, 2025 12:24 Asia/Dushanbe
  • Дидори Масъуди Пизишкиён, раиси ҷумҳурии Эрон бо Илҳом Алиев, раиси ҷумҳурии Озарбойҷон
    Дидори Масъуди Пизишкиён, раиси ҷумҳурии Эрон бо Илҳом Алиев, раиси ҷумҳурии Озарбойҷон

Порс-Тудей. Эрону ҷумҳурии Озарбойҷон бо имзои 7 тафоҳумнома ва тадвини барномаи роҳбурдии ҷомеъ, равобити таърихиву фарҳангии худро ба сатҳи ҷадиде аз ҳамкориҳои иқтисодӣ, сиёсӣ ва минтақаӣ иртиқо доданд.

Ба гузориши “Порс-Тудей”, дар ҷараёни сафари расмии Масъуди Пизишкиён, раиси Ҷумҳурии исломии Эрон ба Бокӯ, дар таърихи 8 урдибиҳишти 1404, Эрон ва ҷумҳурии Озарбойҷон бо имзои 7 тафоҳумномаи ҳамкорӣ ва таъкид бар тадвини як барномаи роҳбурдии ҷомеъ, фасли ҷадиде дар равобити дуҷонибаи худ кушуданд.

Ин сафар, ки бо истиқболи гарми Илҳом Алиев, раисиҷумҳури Озарбойҷон ҳамроҳ буд, бар пайвандҳои амиқи таърихӣ, фарҳангӣ ва хонаводагӣ миёни ду миллат таъкид дошт ва азми муштарак барои густариши ҳамкориҳои минтақаиро ба намоиш гузошт.

Пизишкиён дар нишасти матбуотии муштарак бо ҳамтои озарбойҷонии худ, равобити ду кишварро решадор дар таъриху фарҳанги муштарак тавсиф карду гуфт: Мо ҳамонанди ҳамсоягоне ҳастем, ки дар канори ҳам зиндагӣ мекунанд ва ёру пуштибони якдигаранд. Ин пайвандҳои амиқ, монее дар баробари ҳар гуна талош барои эҷоди тафриқа аст.

Вай бо ишора ба иштирокоти фарҳангӣ, динӣ ва сиёсӣ, аз тасмими ду кишвар барои тадвини як барномаи роҳбурдии ҷомеъ хабар дод, ки чорчӯбе барои ҳамкорӣ дар ҳавзаҳои санъатӣ, илмӣ, фарҳангӣ, иқтисодӣ, сиёсӣ ва амниятӣ фароҳам хоҳад кард.

Дар ин сафар илова бар баёнияи муштарак, 7 тафоҳумнома дар заминаҳои ройзании сиёсӣ, ҳамлунақл, мубодилоти фарҳангӣ, ҳамкориҳои беҳдоштӣ, расонаӣ ва сармоягузорӣ ба имзо расид.

Масъуди Пизишкиён ҳамчунин дар нишасти ҳайатҳои олирутбаи Эрону ҷумҳурии Озарбойҷон бо ишора ба пайвандҳои таърихӣ, фарҳангӣ ва хонаводагӣ миёни миллатҳои Эрону ҷумҳурии Озарбойҷон афзуд: Ин иртиботот заминасози шаклгирии масире муносиб барои густариши ҳамкориҳои минтақаӣ хоҳад буд.

Вай ҳамчунин бо иблоғи саломҳои гарми имом Хоманаӣ ба мақомоти ҷумҳурии Озарбойҷон гуфт: Ҷумҳурии исломии Эрон ҳамвора бар ҳимоят аз ҳуқуқи мардуми Озарбойҷон таъкид дошта ва бар ин бовар аст, ки минтақаи Қарабоғ бахши ҷудоинопазир аз хоки ҷумҳурии Озарбойҷон аст.

Раиси ҷумҳурии Эрон ҳузури ҳайати эронӣ дар Бокӯро нишонаи азми ҷиддии ду кишвар барои таҳкими пайвандҳо, тақвияти ваҳдат ва густариши инсиҷом миёни Эрон ва ҷумҳурии Озарбойҷон донист.