Содироти маводи ғизоии “Ҳалол”-и Эрон ба 110 кишвари ҷаҳон
(last modified Tue, 29 Apr 2025 10:21:51 GMT )
Апрел 29, 2025 15:21 Asia/Dushanbe
  • Содироти маводи ғизоии “Ҳалол”-и Эрон ба 110 кишвари ҷаҳон

Порс-Тудей. Мудири таҳқиқоти бозорёбии бозрасии кайфияту стандарти Эрон гуфт: Маҳсулоти ғизоии “Ҳалол” аз мазиятҳои содиротии Эрон аст ва кишварҳое ҳамчун Малайзия, Сингапур, кишварҳои ҳавзаи халиҷи Форс ва шимоли Африқо тақозои болое барои ин маҳсулот доранд.

Каюмарси Яғмоӣ, мудири таҳқиқоти бозорёбии бозрасии кайфияту стандарти Эрон дар гуфтугӯ бо хабаргузории шаҳру шаҳрвандии Эрон (Имно) дар Теҳрон бо ишора ба нақши калидии саноеи ғизоӣ дар иқтисоди Эрон афзуд, содирот ба кишварҳои минтақаие ҳамчун Ироқ, Туркия, Иморот, Афғонистон, Русия ва бархе кишварҳои аврупоӣ саҳми қобили таваҷҷуҳе аз бозорро ташкил додааст. Ҳарчанд дар гузашта қочоқи маводи ғизоӣ монеъе барои рушди бозори дохилӣ ва тавсеаи содирот буд, аммо бо афзоиши назорату тақвияти тавлиди дохилӣ, саҳми брендҳои эронӣ рушд кардааст.

Яғмоӣ бо баёни инки вуруд ба бозорҳои ҷадид ҳамчунон бо чолишҳое монанди набуди таҳқиқоти бозори ҷомеъ, тафовут дар стандартҳои ғизоӣ, рақобати шадид бо брендҳои байналмилалӣ ва ниёз ба беҳинасозии ҳазинаҳо рӯ ба рӯ аст, гуфт: Барои муваффақият, ширкатҳои эронӣ бояд таҳқиқоти густардае дар бораи шароити иқтисодии кишварҳои ҳадаф анҷом додаву стратегияҳои ҳушмандонае тадвин кунанд.

Мудири таҳқиқоти бозорёбии бозрасии кайфияту стандарти Эрон гуфт, узвияти Эрон дар паймонҳое ҳамчун Созмони ҳамкории Шанхай, Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё ва БРИКС фурсате арзишманд барои тавсеаи содироти саноеи ғизоӣ фароҳам мекунаду коҳиши мавонеи тиҷорӣ миёни аъзои ин созмонҳо метавонад заминасози вуруди густардатари брендҳои эронӣ ба бозорҳои минтақаӣ ва Осиёи Марказӣ шавад.

Яғмоӣ таъкид кард, санъати ғизоии Эрон бо беҳбуди кайфияти тавлид, шинохти зоиқаи масрафкунандагони хориҷӣ ва риояти стандартҳои байналмилалӣ тавонистааст ҷойгоҳи хубе дар бозорҳои ҳамсоя тасбит кунад. Бо ин ҳол истифода аз фурсатҳои байналмилалӣ барои рушди сареътар ҳамчунон зарурӣ аст.

Ба гузориши “Порс-Тудей”, ба нақл аз Имна, намоишгоҳи “Эрон Экспо -2025” бо ҳузури намояндагоне аз 110 кишвари ҷаҳон аз рӯзи гузашта дар Теҳрон оғоз шудааст.