Мизбонии Эрон аз 7 миллиону 400 гардишгари хориҷӣ дар соли гузашта
-
Мизбонии Эрон аз 7 миллиону 400 гардишгари хориҷӣ дар соли гузашта
Порс-Тудей. Муовини гардишгарии Вазорати мероси фарҳангӣ, саноеи дастӣ ва гардишгарии Эрон гуфт, Эрон соли гузашта (1404 шамсӣ) мизбони 7 миллиону 400 гардишгари хориҷӣ буд.
Анӯшервон Муҳсинии Бандпай, муовини гардишгарии Вазорати мероси фарҳангӣ, саноеи дастӣ ва гардишгарии Эрон рӯзи сешанбе дар нишасти B2B дар Теҳрон бо баёни инки Эрон ба унвони кишвари сулҳталаб бо зариби амнияти боло, ба дунболи тавсеаи гардишгарӣ аст, афзуд: Бар асоси қонуни Барномаи ҳафтуми тавсеаи кишвар, ҷамъияти гардишгарони хориҷӣ дар чаҳор соли оянда бояд ба 15 миллион нафар афзоиш ёбад ва дар ҳамин росто 2 ҳазору 500 пружа дар ҳоли иҷро буда, ки 500 пружаи он сохти ҳотел аст.
Ба гузориши “Порс-Тудей”, ба нақл аз Ирна, муовини гардишгарии Вазорати мероси фарҳангӣ, саноеи дастӣ ва гардишгарии Эрон афзуд: беш аз 30 аэролайни байналмилалӣ дар Эрон фаъол аст ва 3 ҳазор иқоматгоҳи бумигардӣ дар манотиқи ҷаззобу рустоии Эрон қарор дорад.
Муовини гардишгарии Вазорати мероси фарҳангӣ гуфт, тургардонони фаъол метавонанд бо ироаи тасвире дурусту воқеӣ аз Эрон, зебоиҳо, амният ва меҳмоннавозиро ба дунё муаррифӣ кунанд.
Муҳсинии Бандпай афзуд, Эрон аз назари манобеи табиӣ ва ҷозибаҳои гардишгарӣ ҷузви 10 кишвари бартари ҷаҳон аст ва 28 асари малмус ва 26 асари номалмуси он дар Юнеско ба сабт расида, ки Эронро ба мақсаде барои сафар табдил кардааст.
Муовини гардишгарии Вазорати мероси фарҳангӣ, саноеи дастӣ ва гардишгарии Эрон таъкид кард, гардишгарӣ абзоре барои сулҳу таомул миёни миллатҳост. Инсон майл ба барқарории иртибот дораду гардишгарӣ ин мавзӯро осон мекунад ва сабаби шинохти амиқ ва бевосита миёни миллатҳо мешавад.