Бақоӣ: Олмон дар бораи силоҳҳои шимиёии Саддом шаффофсозӣ кунад
Порс Тудей - Сухангӯи вазорати умури хориҷаи Эрон, аз Олмон хост дар бораи силоҳҳои шимиёии Саддом шаффофсозӣ кунад.
Исмоили Бақоӣ, сухангуи вазорати умури хориҷаи Эрон шомгоҳи сешанбе ба муносибати солгарди лозимулиҷро шудани Конвенсияи манъи тавлид, захирасозӣ ва истифода аз силоҳҳои шимиёӣ дар ҳисоби корбарии худ дар шабакаи иҷтимоии Х навишт: 29 апрел, солгарди лозимулиҷро шудани Конвенсияи манъи таслеҳоти шимиёӣ аст.
Ба гузориши Порс Тудей, Бақоӣ афзуд, ин рӯз барои миллати Эрон намоди иҷмоъи ҷаҳонӣ барои адами такрори ҷиноёте аст, ки дар ҷараёни ҷанги таҳмилии режими Баъси Ироқ - Эрон бо истифода аз таслеҳоти шимиёӣ алайҳи низомиёну ғайринизомиёни эронӣ иртикоб ёфт.
Вай тасреҳ кард: “Кашфи ҳақиқат” лозима”-и иҷрои адолат”аст; равшангарӣ дар мавриди нақши тамъинкунандагони ақлому фанновариҳои мавриди истифода дар тавсеа ва тавлиди таслеҳоти шимиёии Саддом, як мавзӯи ҷиддӣ ва дастури кори вазорати хориҷаи Эрон аст.
Бақоӣ таъкид кард, мутолибаи Эрон аз Олмон барои эҷоди созукоре ҷиҳати кашфи ҳақиқату танвири афкори умумӣ роҷеъ ба нақши ин кишвар дар тавлиди силоҳҳои шимиёии Ироқ дар ҳамин росто аст.