Муваффақияти 2 аниматсияи кӯтоҳи эронӣ дар Ҷашнвораи байналмилалии Ироқ
Порс Тудей - 2 аниматсияи кӯтоҳи эронӣ ҷавоизи бартари Ҷашнвораи байналмилалии аниматсияи Бобули Ироқро аз они худ карданд.
Панҷумин давраи Ҷашнвораи байналмилалии аниматсия 26 то 28 апрели 2025 дар шаҳри Бобули Ироқ баргузор шуд.
Ба гузориши Порс Тудей ба нақл аз хабаргузории Меҳр, дар ин рӯйдод, аниматсияи эронии «Путин» ба коргардонии Саидмуҳсин Пурмуҳсинии Шакиб муваффақ ба касби ҷоизаи вижаи ҳайати доварон шуд ва аниматсияи «Мутаваррим» сохтаи Заҳрои Хуршедӣ низ ҷоизаи беҳтарин филми байналмилалро аз они худ кард.
Аниматсияи кӯтоҳи «Путин», ривоятгари достони парандае дар шаҳре ҷангзадааст, ки дар он ба дунболи ғизо мегардад то ба ҷӯҷаҳояш ғизо бидиҳад.
Ҳамчунин аниматсияи «Мутаваррим» ба мавзӯи аҳамияти мутолиа ва огоҳии иҷтимоӣ дар асри султаи расонаҳо ва саргармиҳо мепардозад ва ба далели мафҳуми иҷтимоӣ ва ҷаҳониаш дар ҷашнвораҳои мутааддиди байналмилалӣ бо истиқбол мувоҷеҳ шудааст.