Қудрати тэквандои Эрон дар Чин; 19 медол бо таъми қаҳрамонии занон
Порс Тудей - Парвандаи рақобатҳои тэквандои Ҷоми бошгоҳҳои Осиё бо қаҳрамонии занон ва ноиб қаҳрамонии мардони Эрон баста шуд.
Ба гузориши Порс Тудей, сездаҳумин давраи рақобатҳои тэквандои Ҷоми бошгоҳҳои Осиё, ки бо ҳузури 149 тэквандокор аз кишварҳои мухталифи осиӣ ба мизбонии Чин ҷараён дошт, имрӯз чаҳоршанбе бо шинохти тимҳои бартар ба кори худ поён дод.
Дар поён, «Ризотим»-и Эрон дар гуруҳи бонувон муваффақ ба касби унвони қаҳрамонӣ шуд ва дар гуруҳи оқоён шаҳрдории Варомин пас аз Узбекистон унвони ноибқаҳрамониро аз они худ кард ва «Ризотим» сеюм шуд.
Борбади Ҷабборӣ аз тими шаҳрдории Варомин дар рӯзи дувуми мусобиқот бо касби нишони тиллои вазни 58 - килограм фаннитарин бозикуни ин рақобатҳо муаррифӣ шуд. Меҳрӯзи Соъӣ, мураббии тими духтарон ҳам бо таваҷҷуҳ ба қаҳрамонии «Ризотим» тавонист унвони бартарин мураббиро аз они худ кунад.
Дар рӯзи дувум Миллико Мирҳусайнӣ, Борбади Ҷабборӣ ва Амираббоси Раҳнамо, 3 нишони тилло, Ялдо Валинажод, Настаран Вализода ва Алиризо Ҳусайнпӯр 3 медоли нуқра ва Муҳаммадсодиқи Деҳқонӣ, Муҳаммадпорсои Тилонӣ, Зайнаби Асадӣ ба ҳамроҳи Соғари Муродӣ чаҳор медоли брунз барои Эрон касб карданд то парвандаи намояндагони Эрон дар ин давра аз мусобиқот бо 19 медол баста шавад.
Рӯзи гузашта барои тимҳои Эрон, Савганди Шерӣ, Муҳаммадҳусайни Яздонӣ ва Амирсинои Бахтиёрӣ 3 медоли тилло, Амирризо Содиқиён ва Саида Насирӣ 2 медоли нуқра, Алӣ Хушравиш, Амирмуҳаммади Раҳмонирод, Ноҳиди Киёнӣ ва Мубино Неъматзода низ 4 медоли брунз касб карданд.