Силоҳи атомӣ дар докторини дифоии Эрони ҳеҷ ҷойгоҳӣ надорад
(last modified Thu, 01 May 2025 08:00:15 GMT )
Май 01, 2025 13:00 Asia/Dushanbe
  • Силоҳи атомӣ дар докторини дифоии Эрони ҳеҷ ҷойгоҳӣ надорад
    Силоҳи атомӣ дар докторини дифоии Эрони ҳеҷ ҷойгоҳӣ надорад

 Порс тудей - Дабири шӯрои Олии амнияти миллии Ҷумҳурии Исломии Эрон гуфт : Силоҳи атомӣ дар докторини дифоии Эрони ҳеҷ ҷойгоҳӣ надорад ва гувоҳи ин амр низ гузоришҳои ниҳодҳои нозири байналмилалӣ аст .

Ба гузориши Порс тудей ба нақл аз Ирно , « Алиакбари Аҳмадиён » Дабири шӯрои Олии амнияти миллии Ҷумҳурии Исломии Эрони рӯзи чаҳоршанбе дар Иҷлоси амниятии БРИКС ( BRICS ) дар Бразилия таъкид кард : Эрон аз ҳуқуқи мусаллами худ аз ҷумла ҳаққи истифодаи сулҳомез аз энержии атомӣ нахоҳад гузашт . Аҳмадиён афзӯд : Ҷумҳурии Исломии Эрон пешниҳод мекунад аз арзи диҷитали БРИКС ва паёмрасонии банк ихтисосӣ ва амн барои тиҷорати даруни гурӯҳи ва намоди истиқлоли иқтисодӣ рӯнамоӣ шавад ва ҳамчунин кумитеи амнияти занҷираи таъмин бо таъкид бар бимаи ҳамлу нақл , эҷоди каридури зидди таҳрим ва роҳ андозии сандӯқи ҳимоят барои муқобила бо таҳрими хориҷӣ ташкил шавад . Дабири шӯрои Олии амнияти миллии Эрон гуфт : Таҳдиди бархе кишварҳо зидди БРИКСу аъзои он , нишондиҳандаи нигаронии амиқ аз потансиели азими БРИКС барои эҷоди як блоки қудратманди иқтисодӣ , сиёсӣ ва фарҳангӣ аст . Аҳмадиён тасреҳ кард : Дар масаълаи Фаластин низ ҷаҳон шоҳиди бозии тавлиди гуфтумони хатарноке таҳти унвони “ сулҳ аз тариқи қудрат “ ва “ дипломасии иҷбор “аст дар ҳоле ки сулҳи воқеи реша дар адолат ва ба расмият шинохтани ҳуқуқи машрӯъ дорад