Ҷаҳонгардони моторсавори итолиёӣ: Эрон мақсаде камназир барои гардишгарии моҷроҷӯёна аст
(last modified Sun, 04 May 2025 07:53:58 GMT )
Май 04, 2025 12:53 Asia/Dushanbe
  • Ҷаҳонгардони моторсавори итолиёӣ: Эрон мақсаде камназир барои гардишгарии моҷроҷӯёна аст

Порс Тудей - Аъзои Анҷумани ҷаҳонгардони моторсавори Италия густариши ҳамкориҳо бо Ҷумҳурии Исломии Эрон дар заминаи гардишгариро хостор шуданд.

Ба гузориши Порс Тудей ба нақл аз ИРНА, ҷамъе аз аъзои Анҷумани ҷаҳонгардони моторсавори Италия бо ҳузур дар нишасти фарҳангӣ дар устони Умбрия, бо истиқболи пуршӯр аз таҷрибаи сафар ба Эрон, бар тамоюли худ барои шинохти воқеиятҳои фарҳангӣ, торихӣ ва иҷтимоии Эрон таъкид карданд.

Дар ин нишаст, ки бо меҳварияти “ ҷозибаҳо ва фурсатҳои сафар ба Эрон” ва бо ҳузури Саидмаҷиди Имомӣ, ройзани фарҳангии Эрон дар Италия ва намояндаи умӯри консулии сафорати Эрон дар шаҳри Перуджа аз тавобеъи устони Умбрия баргузор шуд, филми мустанаде дар бораи зебоиҳои табиӣ, танаввуъи фарҳангӣ ва ҷилваҳои торихии Эрон барои ширкаткунандагон пахш шуд, ки бо истиқболи гарми ҳозирон ҳамроҳ буд.

Ҷамъе аз ҷаҳонгардони моторсавори итолиёӣ, низ ки пештар таҷрибаи сафар ба Эронро доштанд бо баёни хотироти худ аз фарҳанги меҳмоннавозӣ, амнияти сафар, масирҳои ҷаззоб ва манозири бикри Эрон тамҷид карданд.

Моторсаворони итолиёӣ, Эронро мақсаде камназир барои гардишгарии моҷроҷӯёна тавсиф карданд ва бархе аз онҳо эълом карданд, ки токунӯн ду ё чанд бор бо моторсиклет аз масирҳои мухталиф вориди Эрон шудаанд.

Ройзани фарҳангии Эрон дар Италия ҳам бо ишора ба чаҳор далели аслӣ барои авлавияти Эрон ба унвони мақсади гардишгарии таҷрибамеҳвар барои ҷаҳонгардони Италия, аз ҷумла танаввуъи иқлӣимӣ, умқи тамаддунӣ, иртибототи мардумӣ ва дастрасии осон, пешниҳод кард, давраҳои фишурдаи омӯзиши забони форсӣ барои алоқамандон ба ин навъ сафарҳо баргузор шавад.

Намояндаи консулии сафорати Эрон дар Италия ҳам бо таъкид бар ҳамкории ҳаддиаксарӣ, эълом кард, тасҳилоти вижае барои гардишгарони Италия дар сафар ба Эрон дар назар гирифта хоҳад шуд.

Дар бахши поёнии ин нишаст, беш аз шаст нафар аз аъзои анҷуман зимни истиқбол аз ироаҳои фарҳангӣ ва шунидани ривоятҳои ҷаззоби сафар аз забон ҳам сафарони худ, омодагии худро барои сафар ба Эрон дар моҳҳои оянда эълом карданд. Онҳо ҳамчунин бар нақши худ дар ироаи тасвири воқеӣ аз Эрон дар расонаҳо ва шабакаҳои иҷтимоӣ таъкид карданд.

Дар ин гирдиҳамоӣ ҳамчунин эълом шуд, ки барномаи вижае бо меҳварияти Эрон барои тирамоҳи оянда тадорук дида шуда ва ҳайати мудираи анҷуман низ аз ройзании фарҳангии Ҷумҳурии Исломии Эрон даъват кард то дар ғурфаи аслии ин анҷуман дар намоишгоҳи байналмилалии гардишгарии Вероне дар январи 2026 ҳузур ёфтау ва суханронии вижае бо мавзӯ “кашфи Эрон” ироа диҳад.