Тиҷорати хориҷии ҳудуди 6 миллиард долларии Эрон дар якмоҳ
(last modified Wed, 07 May 2025 15:16:42 GMT )
Май 07, 2025 20:16 Asia/Dushanbe
  • Тиҷорати хориҷии ҳудуди 6 миллиард долларии Эрон дар якмоҳ

Порс Тудей - Гумруки Эрон арзиши тиҷорати хориҷии ғайринафтии ин кишвар дар фарвардинмоҳи имсолро эълом кард.

Гумруки Эрон рӯзи сешанбе дар гузорише эълом кард, мизони тиҷорати хориҷии ғайринафтии Эрон дар фарвардинмоҳи 1404 ба мизони 10 миллиону 756 ҳазор тон ва ба арзиши 5 миллиарду 798 миллион доллар расид.

Ба гузориши Порс Тудей, ин гузориш меафзояд, аз маҷмӯи тиҷорати хориҷии ғайринафтии Эрон, 8 миллиону 957 ҳазор тон ба арзиши 2 миллиарду 942 миллион доллар ба содирот ихтисос дошт.

Бар асоси ин гузориш, бештарин мизони колоҳои содиротӣ дар фарвардинмоҳи соли ҷорӣ ба мақсади кишварҳои Чин бо 997 миллион доллар, Ироқ 401 миллион доллар, Иморот 395 миллион доллар, Туркия 189 миллион доллар, Афғонистон 143 миллион доллар, Уммон 140 миллион доллар ва Покистон 124 миллион доллар будааст.