Январ 17, 2017 16:57 Asia/Dushanbe
  • Адои эҳтироми сафирони хориҷӣ ба мақоми Оятуллоҳ Ҳошимии Рафсанҷонӣ

Сафирони хориҷии муқими Теҳрон ба мақоми раиси фақиди Маҷмаи ташхиси маслиҳати низоми Эрон адои эҳтиром карданд.

Ба иттилои Ирно, маросими адои эҳтиром ва имзои дафтари ёдбуди даргузашти Оятуллоҳ Акбари Ҳошимии Рафсанҷонӣ, раиси фақиди Маҷмаи ташхиси маслиҳати низоми Эрон дар дабирхонаи ин маҷмаъ бо ҳузури сафирони кишварҳои Чин, Кореяи Ҷанубӣ, Тоҷикистон, Афғонистон, Сурия, Миср, Яман, Туркманистон, Босния ва Ҳерсеговина, Бурунди, Уругвай, Серра-Леоне, Сенегал, Булғористон, Гана, вазири мухтори Тайланд ва кордори Қазоқистон баргузор шуд.

Меҳмонон зимни таҷлил аз нақш ва ҷойгоҳи Оятуллоҳ Ҳошимии Рафсанҷонӣ дар барҳаҳои ҳассоси торихи муосири Эрон, ёду хотираи ӯро гиромӣ доштанд.

Ин маросим фардо низ бо ҳузури ҷамъи дигар аз сафирони муқими Теҳрон дар маҳалли дабирхонаи Маҷмаи ташхиси маслиҳати низоми Эрон баргузор мешавад.

Оятуллоҳ Акбари Ҳошмии Рафсанҷонӣ якшанбе ҳаштуми январи 2017 бар асари исти қалбӣ дар Теҳрон даргузашт.