Январ 17, 2017 18:05 Asia/Dushanbe

Эрон ва Сурия панҷ санади ҳамкорӣ имзо карданд.

Ба иттилои Ирно, бо ҳузури Исҳоқи Ҷаҳонгирӣ, муовини аввали раисҷумҳури исломии Эрон ва Амод Хамис, нахуствазири Сурия дар Теҳрон, мақомҳои ду кишвар панҷ санади ҳамкории дуҷониба имзо карданд .

Истихроҷ ва баҳрабардорӣ аз маъдани фосфори Алшарқияи Сурия ба Эрон аз асноди муҳимест, ки имрӯз ба имзои Алии Тайибниё, вазири умури иқтисодӣ ва дорои Эрон ва Адиб Миёла, вазири иқтисоди Сурия расид.

Муовини аввали раисҷумҳури Эрон ва нахуствазири Сурия имрӯз ҳамчунин дар нишасти муштараки хабарӣ ширкат карданд .

Ҷаҳонгирӣ дар ин нишасти хабарӣ гуфт: Мутмаинан пирӯзиҳои Сурия ҳосили ришодатҳо ва пойдории миллат, артиши Сурия ва нерӯҳои меҳвари муқовимат ва натиҷаи ҳамоҳангии майдонӣ ва сиёсии Эрону Сурия аст .

Муовини аввали раисҷумҳури Эрон бар ҳимояти давлату миллати Эрон аз давлати қонунӣ ва мардуми Сурия таъкид кард .

Нахуствазири Сурия, ки дишаб дар садри ҳайъате олирутба вориди Теҳрон шуд, бо Ҳасани Рӯҳонӣ, раисҷумҳури Эрон низ дидор хоҳад кард .

 

Барчасп