Ҳазфи бахши субҳгоҳии радиои тоҷикии Садои Хуросон
(last modified Sun, 25 May 2025 07:28:56 GMT )
Май 25, 2025 12:28 Asia/Dushanbe
  • Ҳазфи бахши субҳгоҳии радиои тоҷикии Садои Хуросон

Аз 26 майи 2025 пахши субҳгоҳии радиои тоҷикии Садои Хуросон мутаваққиф мешавад.

Алиризо Хушгуфтор, мудири канали тоҷикии Садои Хуросон эълом кард, ба манзури беҳбуди барномаҳо ва иртиқои кайфияти муҳтавои пахш шуда, бахши субҳгоҳии ин расона аз 26 май (5 хурдоди 1404) аз ҷадвали пахш ҳазф хоҳад шуд.

Вай афзуд, ин тасмим пас аз баррасиҳои чандинмоҳа ва бар асоси назароти мухотабон ва коршиносони расона, иттихоз шудааст.

Мудири канали тоҷикӣ эълом кард, дар талош аст то ҳамзамон бо тағйироти ҷадид, барномаҳои мутанаввеътар ва ҷаззобтаре барои шунавандагон ироа диҳад. Ба ҳамин манзур, барномаҳои ҷадиде ба ҷадвали пахш изофа хоҳад шуд, ки саъй дар посух ба ниёзҳои мухталифи шунавандагон дорад .

Бахши субҳгоҳии канали тоҷикӣ аз соати 05:50 ба вақти Душанбе шурӯ ва дар соати 07:20 хотима меёфт. Аз рӯзи душанбе (26 май), барномаҳои шомгоҳии канали тоҷикӣ аз соати 20:20 ба вақти Душанбе оғоз ва 23:50 хотима хоҳад ёфт.

Канали тоҷикии Садои Хуросон аз рӯзи душанбе, ҳар шаб ба муддати севу ним соат хабар, таҳлили сиёсӣ ва барномаҳои тавлидиро бар рӯи мавҷи кӯтоҳи 7250 ва мавҷи мутавассити 720 килоҳертз пахш хоҳад кард.