Маросими ташиъи шаҳид Оятуллоҳи Раисӣ дар Бирҷанд
Пайкари мутаҳҳари раисиҷумҳӯри шаҳид ва ду нафар аз ҳамроҳони шаҳиди ишон барои ташиъ бар дастони мардуми Хуросони ҷанубӣ ба майдони ҷонбозони Бирҷанд расид .
Пайкари мутаҳҳари шаҳид Доктор Раисӣ , раиси Ҷумҳӯрии Исломии Эрон имрӯз субҳ ( сеюми хурдод ) бар дӯши мардуми худоҷӯ ва вафодори устони Хуросони ҷанубӣ дар шаҳри Бирҷанд ташиъ шуд .
Дар ин маросим ки садҳо ҳазор тан аз мардуми инқилобӣ ва ҳамеша дар саҳнаи Хуросони ҷанубӣ ҳузур доштанд . Мардуми ин устон бо раиси ҷумҳӯри шаҳидашон видоъ карданд . Дар канори мардуми Хуросони ҷанӯби ошиқони он шаҳид аз устонҳои шарқӣ , ғарбӣ ва ҷанӯбии кишварҳам дар ин маросими ташиъ ҳузур доштанд .
Шаҳид Доктор Иброҳими Раисӣ намояндаи мардуми Хуросони ҷанӯбӣ дар Маҷлиси хубрагони Раҳбарӣ ҳам буд .