Чигуна модарон метавонанд духтаронишонро дар масири рушд ҳимоят кунанд?
(last modified Sun, 11 May 2025 03:28:35 GMT )
Май 11, 2025 08:28 Asia/Dushanbe
  • Чигуна модарон метавонанд духтаронишонро дар масири рушд ҳимоят кунанд?

Порс Тудей  - Давраи навҷуоне барои духтарон бо тағироти ҷисмӣ , отифӣу иҷтимоӣ ҳамроҳаст ки метавонад чолишбарангез бошад .

Дар ин марҳала , ҳимояти отифии модарон ба унвони наздиктарин афрод дар зиндагии духтарон бисёр ҳаётӣаст, модарон ба унвони нахустин улгӯҳои рафторӣ барои духтарон , таъсири зиёдӣ бар шаклгирӣ ҳувиятии онҳо доранд . Рафторҳо , нигаришҳоу арзишҳои модарон ба таври мустақӣм бар рӯй духтарон таъсир мегузорад . Агар модарон ба духтарони худ эътимод ба нафсу истиқлолро омӯзиш диҳанд , духтарон низ бо ҳувиятии қавитару мустақилтар ба ҷомеъа ворид мешаванд .

Иртиботи отифӣ 

Пайванди амиқу муассири иртиботи отифи миёни модару духтар дар даврони булӯғ бисёр муҳимаст . Ин иртибот метавонад ба духтарон кумак кунад то эҳсоси амният ва ҳимоят кунанд . Модароне ки ба духтарони худ гӯш медиҳанду эҳсосоти онҳоро дарак мекунанд , метавонанд ба онҳо кумак кунанд то ҳувияти худро беҳтар бишносанд ва дар мувоҷиҳа бо чолишҳо қавӣ тар бошанд .

Маҳдудияти шадиди мамнуъ !

маҳдудиятҳои шадид , монанди назорати доимӣ бар фаъолиятҳо ё мамнуъияти таъомулоти иҷтимоӣ , ағлаб натиҷаи маъкӯс дорад . Тибқи мутолиъоти равоншиносӣ , навҷавонони таҳти фишори кантроли волидайн мумкинаст барои ҳифзи ҳарими хусӯсии худ ба дурӯғгӯе рӯй биоваранд , масалан дарбора дӯстон ё фаъолиятҳояшон . Ин рафтор на танҳо эътимоди мутақобили байни модару духтарро тазъиф мекунад , балки монеъи рушди маҳоратҳои тасмимгирӣу истиқлол дар онҳо мешавад .

 Омӯзиш ба ҷои кантрол

 Ба ҷои маҳдудият , волидайн метавонанд маҳоратҳои мувоҷиҳа бо хатаротро ба духтарон биёмузанд , монанди мудӣрияти муқеъиятҳои ноамн ё тасмимгирӣ огоҳона . Ин омӯзишҳо Эътимод ба нафсу худкафоиро тақвият карда ва онҳоро барои оянда омода мекунад . Эҷоди фазои амн барои ибрози эҳсосот , сармоягузорӣ дар саломати отифӣ хониводааст . Модарон бо гӯш додан , эҳтирому гуфтугӯии боз , метавонанд равобитии қавитару фардӣ тавсеа ёфтатар бисозанд .

Омӯзиши маҳоратҳои зиндагӣ

Kалиди муваффақияти модарон метавонанд бо омӯзиши маҳоратҳои зиндагӣ ба духтарон , онҳоро барои вуруд ба дунёии бузургтар омода кунанд . Маҳоратҳое монанди ҳали масаъла , тасмимгирӣ ва мудӣрияти замон ба духтарон кумак мекунад то дар масири рушду боландагии худ муваффақтар амал кунанд . Ин маҳоратҳо на танҳо ба шаклгирии ҳувияти онҳо кумак мекунад , балки ба онҳо эътимод ба нафс медиҳад .

 Ҳимоят аз истеъдодҳо ва рафъи нуқоти заъф

Ҳар духтарии истеъдодҳоу тавоноиҳои дорад . Модарон метавонанд бо ташвиқу роҳнамоӣ , ба кашфи истеъдодҳоу беҳбуди нуқоти заъфи ӯ кумак кунанд . Ин ҳимоят , Эътимод ба нафсу ангезаро тақвият кардау робитае мусбати байни модару духтар эҷод мекунад .

 Ҳазрати Муҳаммад (с) паёмбари гиромии ислом дар маврид духтарон фармуданд : Ҳарки духтаре дошта бошад  ва  хўб тарбияташ кунад ва ӯро ба хӯбии дониши биомузад, ва аз неъматҳоии ки Худованд ба ӯ ато карда баҳрамандаш созад , он духтар , сипару пӯшиши волидайн дар баробари оташ дӯзах хоҳад буд .