Зарбаи иттилоотии Эрон ба Исроил; Дастёбӣ ба асноди маҳрамонаи Моссад
(last modified Sun, 08 Jun 2025 06:29:25 GMT )
Июн 08, 2025 11:29 Asia/Dushanbe
  • Зарбаи иттилоотии Эрон ба Исроил; Дастёбӣ ба асноди маҳрамонаи Моссад

Порс Тудей - Як коршиноси низомии роҳбурдии Урдун дар вокуниш ба дастёбии дастгоҳи иттилоотии Эрон ба анбуҳе аз иттилооти ҳассоси режими саҳюнистӣ гуфт, ки Эрон иддаои бартарӣ ва боздорандагии ин режимро аз байн бурд.

Ба гузориши Порс Тудей, Назол Абу Зайд, коршиноси низомии роҳбурдии Урдун гуфт: Эрон як амалиёти иттилоотии таҳоҷумӣ бо паёмдҳои маконӣ ва замонӣ анҷом додааст.

Вай гуфт: Ба ақидаи ман, ин амалиёти Эрон, амалиёти таркибии электронӣ ва сойбирии ҳамзамон бо нуфузи авомили майдонӣ буд.

Абу Зайд тасреҳ кард: Дар ҳар кишваре ҳар бойгонӣ бо ин ҳассосияти тавассути як системаи амниятӣ ба сӯрати комил иҳота шудааст, аммо ба назар мерасад, ки дастгоҳҳои эронӣ ба он нуфуз кардаанд; ин кори Эрон, бартарӣ ва боздорандагӣ, ки вазири ҷангу раиси Ситоди муштараки артиши Исроил ва дигар масъулон ба он меболанд, аз байн бурд ва дар чунин амалиётҳое, суду зиён, сиррӣ ва пинҳонӣ нахоҳад буд, зеро ҳадафи ин амалиёт, орӣ кардани режими ишғолгар аз мафҳуми боздорандагӣ аст.

Ба гуфтаи манобеи огоҳ дар гуфтугу бо шабакаи Ал Маёдин, дастгоҳи иттилоотии Эрон ба анбӯҳе аз иттилооту асноди роҳбурдӣ ва ҳассоси режими саҳюнистӣ, аз ҷумла ҳазорон санади марбӯт ба пружаҳо ва таъсисоти атомии он режим даст ёфтааст.

Ин манобе гуфтанд: Агарчӣ амалиёти дастёбӣ ба асноди мазкӯр, чанде пеш анҷом шуд, аммо ҳаҷми бисёр зиёди асноду зарурати интиқоли амни кулли маҳмӯла ба дохили Эрон, мӯҷиби сукути хабарӣ то ҳусӯли итминон аз расидани тамомии онҳо ба амокини муҳофизат шуда маврид назар будааст.

Ин манобе мегӯянд: Фаровонии аснод дар ҳадде аст, ки сарфи баррасии онҳо ва мушоҳидаи тасовиру филмҳо замони қобили таваҷҷӯҳеро масруф худ кардааст.

Ба гуфтаи ин манобеи огоҳ, Эрон ҳамакнӯн тамоми додаҳои амниятии фармондеҳони олии низомӣ ва афсарони амниятии Моссадро дар ихтиёр гирифтааст.