Посухи Эрон ба даъватномаи Вазорати ҳаҷҷи Арабистон
Намояндаи валии фақеҳ дар умури ҳаҷ ва зиёрати Эрон гуфт: Ҷумҳурии Исломии Эрон ба даъватномаи вазорати ҳаҷи Арабистон посух дод.
Ҳуҷҷатулислом валмуслмин Сайид Алӣ Қозиаскар дар нишасти шӯрои барномарезӣ ва ҳамоҳангии биъсаи мақоми муаззами Раҳбарӣ ва Созмони ҳаҷ ва зиёрати Эрон афзуд: Дар сурати фароҳам шудани муқаддамот ва шароити лозим ҳама мусаммам ҳастанд, ки ҳаҷҷи оянда баргузор шавад.
Намояндаи валии фақеҳ дар умур ҳаҷ ва зиёрат Эрон бо ишора ба даъватномаи Арабистон барои баргузории дидорҳо ва музокироти дуҷониба дар бораи ҳаҷҷи 2017 гуфт: Посухи Эронро Ризо Солеҳии Амирӣ вазири фарҳанг ва иршоди исломӣ дар номае хитоб ба вазири ҳаҷҷи Арабистон эълом карда ва мавзӯъҳои мавриди назари Эрон ба огоҳии тарафи Саудӣ расидааст.
Қозиаскар ибрози умедворӣ кард: Гуфтугӯҳо ба натиҷа бирасад ва замина барои баргузории фаризаи маънавии ҳаҷ фароҳам шавад.
Арабистон соли 2016 монеъ аз адои ҳаҷҷи эрониён шуд.
Соли 2015 низ садҳо зоири эронии Хонаи Худо бар асари бетадбирии масъулони Саудӣ дар издиҳоми ҷамъият дар саҳрои Мино ҷон бохтанд.