Баёнияи Вазорати умури хориҷа дар хусуси таҷовузи низомии режими саҳюнистӣ алайҳи Эрон
-
Вазорати хориҷаи Ҷумҳурии исломии Эрон
Порс-Тудей. Вазорати умури хориҷа дар хусуси таҷовузи низомии режими саҳюнистӣ алайҳи Эрон дар баёнияе нисбат ба ин иқдом вокуниш нишон дод.
Ба гузориши Порс-Тудей, дар ин баёния омадааст:
Бисмиллоҳир раҳмонир раҳим
Мардуми шарифи Эрон,
Ҳаммеҳанони эронӣ,
Меҳани азизамон Эрон ба ноҳақ мавриди таҷовузи режиме ҷинояткору шарур қарор гирифт.
Режими ишғолгару ёғии саҳюнистӣ бомдоди имрӯз бо нақзи тамомияти сарзаминӣ ва ҳокимияти миллии Эрони азиз, нуқоте, аз ҷумла чанд минтақаи маскунӣ дар Теҳрон ва чанд шаҳри дигари кишварамонро мавриди ҳамла қарор доду ҷамъе аз шарифтарину меҳандӯсттарин ходимони ватан дар арсаи дифоъ аз иззату иқтидори Эрон ва илму фанновариро ба ҳамроҳи дигар бегуноҳон ба хоку хун кашид.
Вазорати умури хориҷа шаҳодати мудофеону ходимони ватанро, ки дар ҷараёни ҷинояти нобахшидании режими саҳюнистӣ ҷонфидои меҳанамон шуданд, ба маҳзари мақоми муаззами раҳбарӣ ва мардуми шарифи Эрон табрику таслият арз мекунад.
Ҳамалоти режими саҳюнистӣ ба Эрон нақзи банди 2-и моддаи 4-и Эъломияи Созмони Милали Муттаҳид ва таҷовузи ошкор алайҳи Ҷумҳурии исломии Эрон аст. Посух ба ин таҷовуз ҳаққи қонуниву машруи Эрон вифқи моддаи 51-и Маншури Милали Муттаҳид аст ва Неруҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии исломии Эрон бо тамоми қуво ва ба шевае, ки худ ташхис медиҳанд, дар дифоъ аз каёни Эрон диранг нахоҳанд кард.
Ҷумҳурии исломии Эрон ба унвони узви муассиси Созмони Милали Муттаҳид, ки фалсафаи вуҷудии он ҷилавгирӣ аз таҷовуз, нақзи сулҳ ва таҳдиди сулҳ аст, вазифаи Шӯрои амнияти ин созмон барои иқдоми фаврӣ ҷиҳати муқобила бо нақзи сулҳу амнияти байналмилалӣ ба воситаи таҷовузи ошкори режими саҳюнистӣ ба Эронро мавриди таъкид қарор дода ва аз раису аъзои ин шӯро мехоҳад, дар асраъи вақт дар ин замина иқдом кунанд.
Вазорати умури хориҷа ҳамчунин вазоифи шахси дабири кулли Созмони Милал, бар асоси Маншури Милали Муттаҳид дар ин хусусро ёдовар мешавад ва хостори иқдоми фаврии вай дар ин робита мебошад.
Аз ҳамаи давлатҳои узви Созмони Милали Муттаҳид, ба вижа кишварҳои минтақаву исломӣ, аъзои Ҷунбиши Адами Тааҳҳуд ва ҳамаи давлатҳое, ки дағдағаи сулҳу амнияти байналмилалӣ доранд, интизор меравад зимни маҳкум кардани фаврии ин таҷовузи ҷинояткорона, иқдоми оҷилу дастаҷамъӣ барои муқобила бо ин моҷароҷӯии хатарнок, ки бетардид сулҳу амнияти ҷаҳониро дар маърази таҳдиде бесобиқа қарор додааст, анҷом диҳанд.
Осору табаоти хатарноку пурдоманаи мутараттиб бар таҷовузи режими саҳюнистӣ алайҳи меҳани азизамон Эрон бар ӯҳдаи ин режим ва ҳомиёни он хоҳад буд.
Иқдомоти таҷовузкоронаи режими саҳюнистӣ алайҳи Эрон наметавонад бидуни ҳамоҳангӣ ва муҷаввизи Амрико сурат гирифта бошад. Бар ин асос давлати Амрико ба унвони ҳомии аслии ин режим низ масъули осору табаоти хатарноки моҷароҷӯии режими саҳюнистӣ хоҳад буд. / Ирна