Эрон аввалин кишвари фотеҳи набарди F35 шуд; Асорати халабони зани исроилӣ
2 ҷангандаи режими саҳюнистӣ бо сомонаҳои падофанди ҳавоии артиши Эрон, раҳгирӣ ва соқит шуданд.
Ба гузориши Порс Тудей, неруии падофанди ҳавоии артиши Ҷумҳурии Исломии Эрон рӯзи ҷумъа эълом кард, ки ду фарванд ҷангандаи F35 режими саҳюнистӣ ва теъдоди зиёде резпарандаи мутахосимро бо муваффақият мавриди исобат қарор дода ва мунҳадим кардааст.
Ин нахустин бор дар ҷаҳон аст, ки як сомонаи падофанди ҳавоӣ муваффақ мешавад, амалиёти раҳгирӣ ва сарнагӯнии ҷанганда F 35-ро анҷом диҳад.
Гуфта мешавад, яке аз ин ҷангандаҳо фақат бо як шиллики сомонаи падофандии артиши Эрон, сарнагӯн шудааст.
Бинобар ин гузориш, халабони яке аз ин ҷангандаҳо, ки зан аст ба асорат даромадааст.
Дар ҳамин ҳол, фармондеҳи марказии падофандии Хотамуланбиё эълом кард, падофандҳои эронӣ муваффақ ба инҳидоми 4 ҷангандаи исроилӣ шудаанд, ки яке аз онҳо дар ҳарими ҳавоии Эрон будааст.
Бино ба эъломи маркази падофандии Хотамуланбиё, акнӯн як халабони режими саҳюнистӣ дар ихтиёри неруҳои вижаи артиши Эрон қарор дорад.
Раҳгирӣ ва инҳидоми ҷанганда F35 режими саҳюнистӣ бо вокуниши корбарони шабакаи Х ҳамроҳ шуд.
Корбаре бо номи Фотима сарнагунии F35 Исроилро фурӯ рехтани ҳайманаи пӯшолии режими шайтонӣ донист.
Абулфазл дигар корбари Х ҳам навишт: Эрон нахустин кишвари таърих аст, ки тавониста навинтарин ҷангандаи размии ҷаҳонро дар рӯзи нахусти набард шикор карда ва халабони онро низ асир кунад.
Киё Исмоилпӯр низ бо интишори аксҳое аз ҷанганда F35 сарнагӯн шуда ва татовуқи он бо тасовири муртабит бо ин ҷанганда ба таъйиди ин матлаб пардохт.
Заҳро дигар фаъоли Х ҳам бо баёни инки барои аввалин бор дар таърих, ҷангандаи F-35 Исроил дар амалиёти воқеӣ сарнугӯн шуд, навишт: Сомонаҳои эронӣ, қудратро аз дили осмон берун кашиданд.