Бистумини мавҷи ҳамалоти Эрон ба сарзаминҳои ишғолӣ
(last modified Sun, 22 Jun 2025 06:48:55 GMT )
Июн 22, 2025 11:48 Asia/Dushanbe
  • Бистумини мавҷи ҳамалоти Эрон ба сарзаминҳои ишғолӣ
    Бистумини мавҷи ҳамалоти Эрон ба сарзаминҳои ишғолӣ

Порс-Тудей. Дар идомаи иҷрои амалиёти “Ваъдаи содиқи 3”, дақоиқе пеш мавҷи ҷадиди ҳамалоти Эрон ба сарзаминҳои ишғолӣ оғоз шуд.

Расонаҳои режими саҳюнистӣ субҳи якшанбе аз исобати мушакҳои Эрон ба манотиқи мухталиф дар сарзаминҳои ишғолӣ хабар доданд.

Ба гузориши Порс-Тудей, дар ҷараёни ин марҳала аз амалиёт, манобеи хабарӣ аз исобати мушакҳои Эрон ба Тел-Авив ва Ҳайфо ва бурузи оташсӯзии густарда хабар медиҳанд.

Мушакҳои эронӣ ҳамчунин нуқоте аз пеш таъйиншуда дар Тел-Авивро ҳадаф қарор доданд. Неруҳои мусаллаҳи Эрон пештар ҳушдор дода буданд, ки ҳеҷ нуқтаи амне дар сарзаминҳои ишғолӣ вуҷуд нахоҳад дошт.

Дар пайи оғози мавҷи ҷадиди мушакборони Неруҳои мусаллаҳи Эрон, ожирҳои хатар дар саросари сарзаминҳои ишғолӣ ба садо даромадааст.

Манобеи хабарӣ аз исобати дастикам 40 мушаки сангин ба сарзаминҳои ишғолӣ хабар медиҳанд. Бархе манобеъ ҳам аз ҳамлаи паҳподӣ ба сарзаминҳои ишғолӣ хабар медиҳанд.

Ба гуфтаи расонаҳои режими саҳюнистӣ, чандин саҳюнист дар асари ҳамалоти мушакии Эрон, аз ҷумла дар шаҳри Тел-Авив захмӣ шудаанд, ки ҳоли бархе аз онҳо вахим аст.

Дар ҳамин ҳол радиои режими саҳюнистӣ эътироф кард, ки мавҷи ҷадиди ҳамалоти мушакии Эрон ба сарзаминҳои ишғолӣ тахриби густардае дар Тел-Авив ва Ҳайфа эҷод кардааст.

Режими саҳюнистӣ сонсури шадидеро дар интишори тасовири марбут ба исобати мушакҳои Эрон эъмол кардааст.

Режими саҳюнистӣ бомдоди ҷумъаи 23 хурдод (22 июн) ҳамла ба Эронро оғоз кард. Дар ин ҳамла ҷамъе аз фармондеҳони неруҳои мусаллаҳ, донишмандону шаҳрвандони бегуноҳи эронӣ, ба вижа кӯдакони мазлум ба шаҳодат расиданд. Хушҳолии режими саҳюнистӣ аз ин ҳамла сооте бештар давом наёварду ҳамаи ин сархушиҳо бо исобати аввалин мушакҳои Эрон ба манотиқи мухталифи сарзаминҳои ишғолӣ аз байн рафт.