Пизишкиён: Ҷомеаи байналмилал рафтори масъулонатаре дар қиболи мутаҷовизин дар пеш гиранд
(last modified Fri, 27 Jun 2025 13:38:19 GMT )
Июн 27, 2025 18:38 Asia/Dushanbe
  • Масъуди Пизишкиён, раиси Ҷумҳурии исломии Эрон
    Масъуди Пизишкиён, раиси Ҷумҳурии исломии Эрон

Порс-Тудей. Раиси Ҷумҳурии Эрон бо баёни инки дар тӯли ҷанги таҳмилии 12 рӯза Неруҳои мусаллаҳи Эрон бар асоси моддаи 51 Эъломияи Созмони Милали Муттаҳид ба дифои қонунӣ аз мардуми шарифу ҳокимияти миллӣ ва тамомияти арзии Эрон пардохтанд, гуфт: Дар ҳоле ки агар таҷовузи режими саҳюнистӣ бепосух мемонд, метавонист ба як ҷанги фарогиру ғайриқобили контрол дар минтақа мунҷар шавад.

Ба гузориши Порс-Тудей, ба нақл аз ИРНА, Масъуди Пизишкиён, раиси Ҷумҳурии Эрон рӯзи ҷумъа дар иҷлоси АвруОсиё тайи суханоне, ки ба сурати видеоконфронс анҷом шуд, бо баёни инки режими саҳюнистӣ аз таърихи 23 хурдодмоҳ иқдом ба таҷовузи бераҳмонаҷқ ҳамалоти террористӣ ва мусаллаҳонаи ғайриқонунӣ ба Ҷумҳурии исломии Эрон кард, афзуд: Ин таҷовуз дар миёнаи музокироти ғайримустақими Ҷумҳурии исломии Эрон ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар хусуси барномаи сулҳомези ҳастаии Эрон сурат гирифт ва тайи он таъсисоти сулҳомези ҳастаии Эрон низ мавриди ҳамла қарор гирифт.

Пизишкиён изофа кард, тааррузоти низомии Амрико ва режими саҳюнистӣ ба таъсисоти сулҳомези ҳастаии Эрон, ки зайли назорати комили Ожонси байналмилалии энержии атомӣ қарор доштаанд, нақзи фоҳиши тамомии қавоиди байналмилалӣ аст ва зарбае ғайриқобили ҷуброн ба ҷойгоҳи режими манъи ишоаи ҳастаӣ тавассути як узви доими Шӯрои амният ба шумор меравад.

Вай бо баёни инки дар ҳамалоти режими Исроил ба Эрон, маҷмӯае аз амалиётҳои ғайриқонунӣ ва ҷинояткорона алайҳи неруҳои низомии хориҷ аз маҳалли маъмурият, устодони донишгоҳ ва шаҳрвандони оддӣ сурат гирифт, хотирнишон кард: Теъдоди зиёде аз шаҳрвандони ғайринизомӣ дар ин ҳамалот ба манотиқи маскунӣ, зерсохтҳои умумӣ, бемористонҳо ва марокизи дармонӣ ба шаҳодат расиданду теъдоди зиёде маҷруҳ шуданд.

Пизишкиён афзуд, ҷомеаи байналмилал, ба вижа Шӯрои Амнияти Созмони Милали Муттаҳид ва низ Ожонси байналмилалии энержии атомӣ бояд рафтори масъулонатаре дар қиболи мутаҷовизину ҷангафрӯзон дар пеш гиранд.

Вай бо баёни инки акнун беш аз ҳар замони дигаре равшан шудааст, ки сиёсати мумошот бо режими саҳюнистӣ дар заминаи нақзи систематик ва мукаррари ҳуқуқи башар бояд канор гузошта шавад, таъкид кард: Бар худ лозим медонам аз ҳамаи кишварҳое, ки масъулона ин таҷовузоти ошкорро маҳкум кардаанд, ташаккур кунам. Нишасти имрӯзи сарони иттиҳодия низ фурсати муғтанаме аст, ки мавзеи ҷамъии аъзо дар маҳкумияти қотеи ин таҷовузҳо ва таҳдидоти минтақаӣ ва ҷаҳонии ҳосил аз онҳо ба гӯши ҷаҳониён расонда шавад.

Раиси Ҷумҳурии Эрон гуфт, Ҷумҳурии исломии Эрон ҳамвора талош дорад узву шарикии муассиру қобили иттико дар муносиботи иқтисодии минтақаӣ бошад. Иҷро шудани Мувофиқатномаи тиҷорати озоди Эрону Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё гоми муҳиме дар ростои таъмиқи равобити иқтисодӣ дар минтақа аст. Ин мувофиқатнома фурсатҳои камназиреро барои иқтисодҳои миллӣ ва туҷҷори кишварҳо фароҳам меоварад.

Пизишкиён изҳор дошт, аз тасмими нишаст қаблии сарони иттиҳодия дар эътои мавқеияти нозир ба Ҷумҳурии исломии Эрон, ки ба ҳузури густардатар ва муассиртар дар фаъолиятҳои иқтисодии мо ва иттиҳодия меанҷомад, қадрдонӣ мекунам.

Вай бо баёни ин матлаб, ки дар ҳавзаи транзит, тавсеаву модернсозии каридорҳои рейлӣ ва ҷодаии мавҷуд, тақвияти ҳамлу нақли ҳавоӣ, эҷоди манотиқи вижаи муштараку истифода аз зарфиятҳои транзитии банодири Эрон барои иттисоли кишварҳои узви иттиҳодия ба бозорҳои ҷаҳонии мадди назар аст, афзуд: Дар ҳавзаи энержӣ, ҳамкории байни тавлидкунандагону масрафкунандагон ва истифода аз зарфиятҳои мавҷуд барои иттисоли шабакаҳои энержӣ дар минтақа мавриди тавваҷуҳи мост.

Раиси Ҷумҳурии Эрон таъкид кард, дар ҳавзаи фанновариҳои навин, эҷоди зерсохтҳои лозим барои тақвияти ҳамкориҳо дар ҳавзаи фанновариҳои диҷитал ва тасҳил дар табодули иттилооту тиҷоратҳои навин, сомондеҳии ҳуши маснӯӣ ва талоши муштарак барои муқобила бо якҷонибагароӣ дар ин ҳавза, тавонмандиҳои миллӣ ва гуруҳии моро афзоиш хоҳад дод.

Пизишкиён изофа кард: Бидуни шак истифодаи комил аз зарфиятҳову мазиятҳои Мувофиқатномаи тиҷорати озод бидуни тавсеаи зерсохтҳои бонкии мустақилу зидди таҳрим, осон нахоҳад буд. Дар ин чорчӯб, таъмини молии пружаҳои зерсохтиву санъатии муштарак тавассути Бонки тавсеаи АвруОсиё, густариши системаи гардиши молии иттиҳодия ба кишварҳои алоқаманди нозир ва бакоргирии системаи тасвияҳисоб ба арзҳои миллӣ метавонад дар дастури кор қарор гирад.

Вай афзуд: Яқин дорам, метавонем моделе муваффақ аз ҳамгароии минтақаиро ба тасвир бикашем ва ин фурсати таърихиро ба нуқтаи атфе барои рушди муштарак табдил кунем. Оянда аз они миллатҳое аст, ки бо ҳамкориву эътимоди мутақобил роҳи пешрафтро ҳамвор месозанд.