Ҳамлаи Исроил ва эҳёи рӯҳи салаҳшӯрии миллати Эрон
-
Ҳамлаи Исроил ва эҳёи рӯҳи салаҳшӯрии миллати Эрон
Порс-Тудей. Яке аз низомиёни барҷастаи артиши режими саҳюнистӣ ба қудрати эрониҳо дар мубориза бо душман эътироф кард.
Эрон бо иттико ба Раҳбарии муқтадир, иттиҳоди миллӣ ва тавони дифоии боло, тавонист режими саҳюнистӣ ва ҳомиёнашро мутаҳаммил ба таваққуфи ҷанг кунад, мавзӯе, ки бозтоби васеъе дар дунё доштааст ва ҳатто худи саҳюнистҳоро шигифтзада кардааст.
Ба гузориши Порс-Тудей, ба нақл аз хабаргузории “Меҳр”, Томр Ҳойман, сарлашкари неруҳои захираи артиши режими саҳюнистӣ дар гуфтугӯ бо шабакаи 12 телевизиони ин режим эътироф кард: Ончӣ тавваҷуҳи манро дар қиболи Эрон ҷалб мекунад, иродаи мардуми ин кишвар аст. Эрониҳо миллате ҳастанд, ки то охир мубориза мекунанд.
Вай афзуд: Ман надидам, ки эрониҳо ҳеҷ ақибнишинӣ анҷом бидиҳанд, онҳо хеле зуд фармондеҳони ҷадид интихоб карданд.
Рӯзи якшанбе низ натоиҷи як назарсанҷӣ ки аз сӯи рӯзномаҳои “Маорив” ва “Исроил ҳюм” мунташир шуд, нишон дод, ки наздик ба 50 дарсад аз ширкаткунандагон муътақиданд, Тел-авив ба як пирӯзии воқеӣ дар баробари Эрон даст пайдо накардааст.
Эҳёи рӯҳи салаҳшӯрии миллати Эрон бо ҳамоқати саҳюнистҳо
Дар ҳамин робита ҳуҷҷатулислом валмуслимин Абдуллоҳ Ҳоҷи Содиқӣ, намояндаи Раҳбари инқилоби исломӣ дар Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ, рӯзи якшанбе таъкид кард, ки самараи ҳамоқати режими саҳюнистӣ дар ҳамла ба Эрон, эҳёи рӯҳи салаҳшӯрии эрониён аст.
Вай гуфт: Миллати Эрон имрӯз хашми муқаддасеро ба намоиш гузоштааст, ки намунаи онро дар гузашта шоҳид набудем. Аз ин рӯ, ин ҳоли миллати Эронро навъе муъҷизаи илоҳӣ медонам, ки ба баракати шуҳадо, ки ҳар кадом чеҳрае беназир барои таърихи Эрон буданд, насиби миллати Эрон шудааст.
Ваҳдати миллии Эрон - силоҳи шигифтисоз дар баробари таҷовузи душман
Аз сӯи дигар, пажӯҳишгари лубнонӣ гуфт, мавзеи якпорчаи мардуми Эрон дар ҳимоят аз кишварашон аз ҳамон ибтидои ҳамалоти таҷовузкоронаи исроилӣ - амрикоӣ боиси тақвияти Эрон дар ин набард шуд. Закариё Ҳамудон, мудири Муассисаи миллии пажӯҳишҳову омори Лубнон низ бо ишора ба таҷовузоти режими саҳюнистӣ ба хоки Эрон бо ҳимояти ҳомиёнаш гуфт: Ваҳдати миллӣ дар Эрон ба дунболи ин ҳамалоту таҷовузгарӣ ба хоки ин кишвар, ҳамаро шигифтзада кард. Ба вижа, ки бисёре пешбинӣ мекарданд дар Эрони хиёнат ё даргирии дохилӣ боис шавад, ки суботи низомро таҳдид кунад, аммо ҳаргиз ин гуна нашуд.
Вай гуфт, ки пойдории мардуми Эрон дар ин ҷанг бахше асосӣ аз ваҳдати миллӣ буд, ки боиси тақвияти Эрон дар ин набард шуд.
“Файненшел Таймс”: Ҳамлаи Исроил миллати Эронро якпорча кард
Нашрияи англисии “Файненшел Таймс” низ дар матлабе навишт, ки ҳамлаи режими саҳюнистӣ ба Эрон боис шуд бисёре аз мухолифони эронӣ интиқодҳои худ алайҳи ин кишварро дар баробари таҳдиде, ки кишварро дар маърази осеб қарор дода буд, мутаваққиф кунанд. Ин маҷалла навишт, ки баъд аз ин ҳамла эҳсоси ҷадиде аз ваҳдат дар миёни нозирону фаъолони сиёсии дохилу хориҷи Эрон шакл гирифт ва ин якпорчагӣ дар шароите буд, ки Бенёмин Натанёҳу, нахуствазири режими саҳюнистӣ аз миллати Эрон мехост алайҳи Ҷумҳурии исломӣ вориди амал шаванд, аммо сарсахттарин мухолифони ҳокимияти Эрон низ интиқодоти худро канор гузоштанд.