Сохти дастгоҳи пласмаи ҷадид тавассути донишмандони ҳастаии Эрон
-
Сохти дастгоҳи пласмаи ҷадид тавассути донишмандони ҳастаии Эрон
Порс-Тудей. Донишмандони ҳастаии Эрон муваффақ ба сохти дастгоҳи тавлиди пласма ба равиши тахлияи садди диэлектрики сатҳӣ (SDBD) шуданд.
Дар дунёи имрӯз энержии ҳастаӣ на танҳо ба унвони як манбаи тавонмандсоз барои тавлиди барқ матраҳ аст, балки нақше ҳаётӣ дар пешрафти улуми мухталиф, аз ҷумла пизишкӣ, кишоварзӣ, санъат ва муҳити зист дорад. Донишмандони ҳастаии Эрон низ дар солҳои гузашта пешрафтҳои чашмгире дар истифодаи сулҳомез аз ин энержӣ доштаанд.
Ба гузориши Порс-Тудей, ба тозагӣ донишмандони эронӣ дастгоҳи тавлиди пласма ба равиши тахлияи садди диэлектрики сатҳӣ (SDBD)-ро сохтаанд, фанноварие, ки бо эҷоди пласма дар фишори атмосфераӣ, корбурдҳои густардае дар ислоҳи сатҳҳо, зиддиуфунӣ ва саноеи пизишкӣ дорад.
Чунин сомонае метавонад дар коҳиши замони пардозиш бо пласма ва масрафи энержӣ бисёр қобили тавваҷуҳ бошад. Ҳамчунин фарояндҳои пардозиш бо ин равиш ба роҳатӣ қобили контрол ҳастанд ва ҳазинаи пардозиш дар муқоиса бо соири равишҳои тавлиди пласмаҳои камфишор пойин аст.
Пласмаи сарди тавлидшуда аз ин система ба сурати густарда дар ҳавзаҳои мухталиф қобили истифода аст. Аз ҷумлаи ин ҳавзаҳо метавон ба пизишкӣ, дандонпизишкӣ, зиддиуфунӣ кардани сутуҳ, санъати чопу бастабандӣ, тавлиди санъатии озон, нассоҷӣ, саноеи ғизоӣ ва кишоварзӣ ишора кард.