Наи Эрон ба музокира ба сабки амрикоиҳо
(last modified Mon, 30 Jun 2025 14:55:03 GMT )
Июн 30, 2025 19:55 Asia/Dushanbe
  • Маънии музокира аз нигоҳи Кохи Сафед: Беқайду шарт таслим шавед
    Маънии музокира аз нигоҳи Кохи Сафед: Беқайду шарт таслим шавед

Порс-Тудей. Сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Ҷумҳурии исломии Эрон гуфт, ки иқдомоти Иёлоти Муттаҳида ва режими Исроил дипломатияро тахриб кард.

Исмоили Бақоӣ, сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Ҷумҳурии исломии Эрон дар гуфтугӯ бо шабакаи “Раша-Тудей”-и Русия, ки рӯзи душанбе мунташир шуд, гуфт: Истифода аз лаҳни тавҳиномез ва беадабона дар бораи мақомоти аршаду раҳбарони як кишвари дигар, бисёр нописанду ғайриқобили қабул аст. Ин навъи рафтор ҳеҷ эътиборе барои Иёлоти Муттаҳида ё мақомоти он ба армуғон намеоварад ва комилан ғайриқобили қабул аст.

Ба гузориши Порс-Тудей, Бақоӣ афзуд: Мо дар миёнаи як фароянди музокиротӣ будем ва қарор буд бо намояндагони Иёлоти Муттаҳида дидор кунем, аммо ногаҳон режими саҳюнистӣ бо ҳимояту чароғи сабзи Иёлоти Муттаҳида, танҳо ду рӯз пеш аз даври шашуми музокирот, ки қарор буд дар Масқат баргузор шавад, ба Эрон ҳамла кард.

Сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Эрон бо баёни инки Эрон ҳаргиз мизи музокираро тарк накардааст, афзуд: Мо ҳамвора аз дипломатия ҳимоят кардаем, аммо иқдомоти Иёлоти Муттаҳида ва Исроил дипломатияро тахриб кард ва ин воқеан хиёнат ба дипломатия буд.

 

Таслими беқайду шарт - музокира нест

Дар ҳамин замина, Амир Саиди Еравонӣ, сафири Эрон дар Созмони Милали Муттаҳид рӯзи якшанбе дар гуфтугӯ бо шабакаи Си Би Эс Нюс дар посух ба ин суол, ки чаро Теҳрон то кунун фишори раисиҷумҳури Амрико барои як роҳи ҳалли дипломатӣ барои даргирии Теҳрону Тел-Авивро напазируфтааст, изҳор дошт: Таслими беқайду шарт музокира нест, ин дикта кардани сиёсати онҳо ба мост.

Еравонӣ афзуд: Агар онҳо омодаи музокира бошанд, мо низ омодаем. Аммо агар қасди таҳмили шурути худро дошта бошанд, ҳеҷ музокирае бо онҳо мумкин нест.

 

Тахтиравончӣ: Ҳеҷ қарори мулоқоте бо амрикоиҳо надорем

Маҷиди Тахтиравончӣ, муовини сиёсии вазири умури хориҷаи Эрон ҳам пас аз ҳузур дар Комиссияи амнияти миллӣ ва сиёсати хориҷии Маҷлиси Шӯрои исломии Эрон, дар хусуси иддаоҳои мақомоти амрикоӣ дар бораи таъйини замони музокирот миёни Ҷумҳурии исломии Эрон ва Иёлоти Муттаҳида гуфт: Дар мавриди мавзӯоте, ки матраҳ мешавад, ҳеҷ қароре гузошта нашудаву ҳарфҳое ки мезананд, саҳеҳ нест.