Эрон қутби пайванди ҷигар дар ғарби Осиё бо рекорди таърихӣ
-
Эрон қутби пайванди ҷигар дар ғарби Осиё бо рекорди таърихӣ
Порс тудей- Бемористон имом Хумайнӣ(р) Теҳрон бо анҷоми ду ҳазор пайванди ҷигар ҷойгоҳи Эронро ба унвони яке аз қутбҳои бартари пайванди аъзо дар минтақаи ғарби Осиё тасбит кард.
Али Ҷаъфарниё масъули бахши пайванди ҷигари бемористони имом Хумайнӣ(р) рузи ҷумъа гуфт: Эрон аз пешгомони бахши пайванди ҷигар дар ғарби Осиё аст ва натоиҷи пайвандҳои анҷомшуда бо стандартҳои ҷаҳони баробари мекунад. Ба гузориши Порс тудей вай таъкид кард: Бемористони имом Хумайнӣ(р) Теҳрон моҳона 15 то 20 пайванди ҷигар анҷом медиҳад ва бо ҳазинаҳои поёнтар нисбат ба дигар кишварҳо хатамоти бо кайфият ироа медиҳад ин дастоварди бузург натиҷааш талоши бевақфаи тими пизишкии ин маркази эронӣ дар соли 1380 то кунун аст.
Ҷаъфарниён пайванди ҷигарро яке аз дармонҳои печида ва стратежики дар дунё донисту афзуд: Дар бисёри аз кишварҳо ба далели набуди зерсохтҳои тахасуси, имкони анҷоми ин навъи дармонҳо вуҷуд надорад, аммо хушбахтона Эрон дар минтақаи ғарби Осиё аз ҷойгоҳи бисёр барҷастаи бархурдор аст.
Ба гуфтаи Ҷаъфарниё натиҷаҳои пайванди ҷигар дар Эрон бо вуҷуди маҳдудиятҳо бо натоиҷи марокизи мувафақи ҷаҳонӣ қобили рақобат аст ва мизони бақои беморон пас аз паҷн сол ҳудуди 75 дарсад аст рақаме, ки бо омори ҷаҳони баробари мекунад.