Тасовири ёдбӯди шуҳадои кӯдаки эронӣ дар ҷанги 12 рӯза
-
Кӯдакони эронии шаҳид шуда дар ҳамлаи Исроил ба Эрон
Порс-Тудей. Oйини ёдбӯди кӯдакони шаҳид дар ҷанги 12 рӯзаи режими саҳюнӣ ва Амрико алайҳи Эрон , дар “Kафе Kидли музеи Замони Теҳрон” баргузор шуд .
Ба гузориши Порс-Тудей, Исроил дар сояи ҳимоятҳои байналмилалӣ , бо иддаои иҷтиноб аз ҳадаф қарор додани ғайринизомиён , ҳамалоти густардае ба хоки Эрон анҷом доду бори дигари чеҳраи палиди кӯдаккуши худро ошкор кард .
Кӯдаконе ки на сарбоз буданд , на сиёсатмадор , на донишманди ҳастаӣ , онҳо руёҳоӣ бисёре барои фардои худ доштанд , руёҳое, ки дигар ҳаргиз тулуъи субҳро нахоҳанд дид .

Тасвири кушта шудани кӯдакон дар ҳар ҷанг ва ҳар таҳоҷуми низомӣ , сиёҳтарин саҳнае аст, ки таърихи башар ба худ дида . Тафовуте намекунад, ин кӯдакон дар Ғазза кушта шаванд ё дар Украин ҷон бибозанд , ё дар қалби Теҳрон бошанд ё нуқтаи дигар аз ҷаҳон ; интишори тасовири марги онҳо , ҳар виҷдони бедориро ба дард меоварад .

Фақат чанд соъате пас аз шикаста шудани сукути субҳгоҳии Теҳрон бо инфиҷорҳои маҳиб ниёз буд, ки аксҳои кӯдакони кушта шуда , мардумро ба шоку бӯҳти амиқ фурӯ бибарад .

Сафири Эрон дар Созмони Милал , дар нишаст шурои амнияти Созмони Милал, ки дарбора таҷовузи режими саҳюнистӣ ба Эрон баргузор шуд , тасовири кӯдакони эрониро, ки дар ҳамалоти Исроил ба Эрон ба шаҳодат расиданд, санади дурӯғгӯеи саҳюнистҳо мабнӣ бар ҳадаф қарор додани аҳдоф низомӣ донист .

Режими саҳюнистӣ , бархилофи ривояте, ки аз мазлумияти худ дар урдугоҳҳои Ошувитс (Auschwitz) ироа медиҳад , дар ҷангҳои худ , кӯдаконро нахустин ва бепаноҳтарин қурбониён қарор додааст . Ин воқеияти дарднок , на танҳо лаккаи нангин бар таърихи сиёсатварзии ҷаҳонаст , балки оинае аст барои санҷиши умқи инсоният дар дунёии имрӯз .

Ҳануз бисёре аз пайкарҳои шуҳадо шиносоӣ нашудааст . Ин ҷиноят, чеҳраи воқеии режими саҳюнистиро бори дигар ба ҷаҳонён нишон дод .
