Кадом шаҳрҳои Эрон дар ҳавзаҳои саноеи дастӣ сабти ҷаҳонӣ шуданд?
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i120988
Порс-Тудей. Шӯрои ҷаҳонии саноеи дастӣ гузорише аз теъдоди сабтшудаи шаҳрҳои ҷаҳонии саноеи дастӣ дар кишварҳои мухталиф мунташир кард.
(last modified 2025-07-16T05:38:15+00:00 )
Июл 14, 2025 16:13 Asia/Dushanbe
  • Кадом шаҳрҳои Эрон дар ҳавзаҳои саноеи дастӣ сабти ҷаҳонӣ шуданд?
    Кадом шаҳрҳои Эрон дар ҳавзаҳои саноеи дастӣ сабти ҷаҳонӣ шуданд?

Порс-Тудей. Шӯрои ҷаҳонии саноеи дастӣ гузорише аз теъдоди сабтшудаи шаҳрҳои ҷаҳонии саноеи дастӣ дар кишварҳои мухталиф мунташир кард.

Ба истиноди додаҳои Шӯрои ҷаҳонии саноеи дастӣ, ки ба тозагӣ мунташир шуд, 59 шаҳри ҷаҳонии саноеи дастӣ дар кишварҳои мухталиф сабт шудааст.

Ба гузориши Порс-Тудей, Эрон бо доштани 11 шаҳр ва се русто, 24 дарсади омори кулли ҷаҳон ва 32 дарсади омори минтақаиро ба худ ихтисос додааст.

То кунун шаҳри Шероз ба унвони шаҳри ҷаҳонии саноеи дастӣ, Малойир - шаҳри ҷаҳонии мебел ва мунаббат, Исфаҳон - шаҳри ҷаҳонии саноеи дастӣ, Машҳад - шаҳри ҷаҳонии гавҳарсанг, Занҷон - шаҳри ҷаҳонии малила, Табрез - шаҳри ҷаҳонии фарш, Лолаҷин - шаҳри ҷаҳонии сафол, Обода - шаҳри ҷаҳонии мунаббат, Мейбуд - шаҳри ҷаҳонии зилу(зерандоз), Маривон - шаҳри ҷаҳонии калош(калӯш), Сирҷон - шаҳри ҷаҳонии гилем ва рустоҳои Харошод- рустои ҷаҳонии тубофӣ, Қосимобод - рустои ҷаҳонии чодаршаббофӣ ва Калпургон - рустои ҷаҳонии сафол дар Шӯрои ҷаҳонии саноеи дастӣ ба сабт расидаанд.