Террори коркунони Садо ва Симо аз сӯйи ЮНЕСКО маҳкӯм шуд
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i121070-Террори_коркунони_Садо_ва_Симо_аз_сӯйи_ЮНЕСКО_маҳкӯм_шуд
Порс тудей - Мудирикули ЮНЕСКО , террори коркунони Садо ва Симои Ҷумҳурии Исломии Эронро дар ҷанги таҳмилии 12 рӯзаи режими саҳюнистӣ маҳкӯм кард.
(last modified 2025-07-21T06:53:57+00:00 )
Июл 19, 2025 22:23 Asia/Dushanbe
  • Сохтумони шишаии Садо ва Симо
    Сохтумони шишаии Садо ва Симо

Порс тудей - Мудирикули ЮНЕСКО , террори коркунони Садо ва Симои Ҷумҳурии Исломии Эронро дар ҷанги таҳмилии 12 рӯзаи режими саҳюнистӣ маҳкӯм кард.

Одри Азуле , мудирикули ЮНЕСКО ( созмони омӯзишӣ , илмӣ ва фарҳангии Милали Муттаҳид ) террори коркунони Садо ва Симои Ҷумҳурии Исломии Эрон , Нимои Раҷабпӯр ва Маъсума Азимӣ ки дар ҳамлаи режими саҳюнистӣ дар рӯзи 16 июни 2025 ( 26 хурдодмоҳи 1404 ) ба сохтимони шишаии Садо ва Симо сӯрат гирифтаро маҳкӯм карду хостори таҳқиқоти сариъ ва комил дар ин хусӯс шудааст .

Мудирикули ЮНЕСКО таъкид кардааст ки зерсохтҳои расонаӣ вафқи қавоиди ҳуқуқи башардӯстонаи байналмилалӣ ба унвони аҳдофи ғайринизомӣ бояд муҳофизат шаванд .

Одри Азуле  ҳамчунин хостори риояти мафоди қатъномаи шумораи 2222 Шӯрои амнияти Созмони Милали Муттаҳид дар мавриди ҳифозат аз аҳолии расона дар замони мухосимоти мусаллаҳона шудааст .