Террори коркунони Садо ва Симо аз сӯйи ЮНЕСКО маҳкӯм шуд
-
Сохтумони шишаии Садо ва Симо
Порс тудей - Мудирикули ЮНЕСКО , террори коркунони Садо ва Симои Ҷумҳурии Исломии Эронро дар ҷанги таҳмилии 12 рӯзаи режими саҳюнистӣ маҳкӯм кард.
Одри Азуле , мудирикули ЮНЕСКО ( созмони омӯзишӣ , илмӣ ва фарҳангии Милали Муттаҳид ) террори коркунони Садо ва Симои Ҷумҳурии Исломии Эрон , Нимои Раҷабпӯр ва Маъсума Азимӣ ки дар ҳамлаи режими саҳюнистӣ дар рӯзи 16 июни 2025 ( 26 хурдодмоҳи 1404 ) ба сохтимони шишаии Садо ва Симо сӯрат гирифтаро маҳкӯм карду хостори таҳқиқоти сариъ ва комил дар ин хусӯс шудааст .
Мудирикули ЮНЕСКО таъкид кардааст ки зерсохтҳои расонаӣ вафқи қавоиди ҳуқуқи башардӯстонаи байналмилалӣ ба унвони аҳдофи ғайринизомӣ бояд муҳофизат шаванд .
Одри Азуле ҳамчунин хостори риояти мафоди қатъномаи шумораи 2222 Шӯрои амнияти Созмони Милали Муттаҳид дар мавриди ҳифозат аз аҳолии расона дар замони мухосимоти мусаллаҳона шудааст .