Содироти ғайринафтии Эрон дар семоҳаи гузашта бо вуҷуди таҳримҳо чӣ мизон буд?
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i121090
Порс-Тудей. Гумруки Ҷумҳурии исломии Эрон гузорише аз мизони содироти ғайринафтии ин кишвар дар семоҳаи гузашта мунташир кард.
(last modified 2025-07-21T06:53:39+00:00 )
Июл 21, 2025 10:28 Asia/Dushanbe
  • Содироти ғайринафтии Эрон дар семоҳаи гузашта бо вуҷуди таҳримҳо чӣ мизон буд?
    Содироти ғайринафтии Эрон дар семоҳаи гузашта бо вуҷуди таҳримҳо чӣ мизон буд?

Порс-Тудей. Гумруки Ҷумҳурии исломии Эрон гузорише аз мизони содироти ғайринафтии ин кишвар дар семоҳаи гузашта мунташир кард.

Гумруки Ҷумҳурии исломии Эрон рӯзи шанбе дар гузорише эълом кард: Дар семоҳаи гузашта мизони содироти ғайринафтии Эрон 34 миллиону 347 ҳазор тон ба арзиши 11 миллиарду 655 миллион доллар буд.

Ба гузориши Порс-Тудей, дар гузориши гумруки Ҷумҳурии исломии Эрон омадааст: Дар семоҳаи гузашта бештарин мизони содироти Эрон ба мақсади Чин бо рақаме беш аз се миллиарду 511 миллион доллар буд.

Ироқ бо як миллиарду 905 миллион доллар, Иморот бо як миллиарду 592 миллион доллар, Туркия бо 937 миллион доллар ва Афғонистон бо 510 миллион доллар ҳам дигар мақосиди содиротии Эрон буданд.