10 музеи бартари Эрон, ки ҳатман бояд аз онҳо боздид кунед+  тасовир
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i121112
Порс-Тудей. Эрон ба унвони гаҳвораи таъриху тамаддуни ҷаҳон , ҳамвора мавриди тавваҷуҳи гардишгарону фарҳангдустони ҷаҳон будааст, ва дар ин миён музеҳо нақши муҳимме дар муаррифии фарҳангу тамаддун Эрон дошта ва доранд . Дар ин матлаб аз Порс-Тудей, нигоҳе шудааст ба 10 музеи бартари Эрон, ки мехонед:
(last modified 2025-07-22T05:42:08+00:00 )
Июн 09, 2025 10:19 Asia/Dushanbe
  • Музеи Ҷавоҳирот
    Музеи Ҷавоҳирот

Порс-Тудей. Эрон ба унвони гаҳвораи таъриху тамаддуни ҷаҳон , ҳамвора мавриди тавваҷуҳи гардишгарону фарҳангдустони ҷаҳон будааст, ва дар ин миён музеҳо нақши муҳимме дар муаррифии фарҳангу тамаддун Эрон дошта ва доранд . Дар ин матлаб аз Порс-Тудей, нигоҳе шудааст ба 10 музеи бартари Эрон, ки мехонед:

Эрон гаҳвораи таъриху тамаддуни ҷаҳон , биҳишти таърихшиносону таърихдустон буда ва ҳамин воқеият, боиси ба вуҷӯд омадани музеҳои зиёде дар Эрон шудааст . Аз аввалин боре, ки ба таври расмӣ музеи бо номи “музеи Mиллӣ” дар Эрон таъсис шуд , беш аз 103 сол мегузарад .

1 . Музеи Mиллӣ

Музеи Mиллии Эрон , муҳимтарин музеи кишвар, ҳам ба лиҳози қидмат ва ҳам ба лиҳози ашёи нигаҳдорӣ шуда дар он, аҳамият бисёр зиёде дорад . Ин музе аз ду бахши аслӣ ташкил шудааст; музеи Эрони Бостону музеи Бостоншиносӣ ва Ҳунари исломӣ . Дар музеии “Эрони Бостон” , осоре бо қидмати байни як миллион то 12000 сол пеш, нигаҳдорӣ мешавад . Қидмати баъзе аз ашёи музеи “Эрони Бостон” ба давраи Порина сангӣ) Палеолит( бармегардад .

 

Музеи Mиллӣ

 


2 . Кохи музеи Гулистон

Маъруфтарин кохи салтанатии Эрон , кохи “Гулистон” аст . Иллати аслии ин шуҳрат , истифодаи иддаи зиёде аз подшоҳони Эрон аз ин маҷмуъа ба унвони марказ салтанат аст . Қидмати кохи Cултон ба давраи шоҳ Aббоси Cафавӣ бармегардад .

Кохи музеи Гулистон

 



3 . Кох музеи Cаъдобод
намешавад аз кохи музеи “Гулистон”  ҳарф заду исми кохи "Cаъдобод" -ро ба унвони яке аз беҳтарин музеҳои Эрон наёвард . Кохи "Cаъдобод"  , дар воқеъ яйлоқи подшоҳони Қоҷор будааст, ки бо рӯйи кор омадани Паҳлавии аввал , биноҳои зиёде атрофи он сохта шуд, ва дар замони Паҳлавии дувум , ба таври расмӣ ба унвони маҳали зиндагии Подшоҳ интихоб шуд .

Кох музеи Cаъдобод

 

  
4 . Музеи Ҷавоҳирот

Ҷавоҳирот аз он даста ашёе ҳастанд, ки ҳаркасиро ба худашон ҷазб мекунанд . Таркиби ҳунару санъату табиат , таркиб ҷаззобӣ аст, ки камтар касе метавонад дар баробараш муқовимат кунад . Ҷолиб аст ки, бидонед то имрӯз ҳеҷ кадом аз коршиносону муҳаққиқон натавонистаанд арзиши воқеии музеи “Ҷавоҳирот”-ро тахмин бизананд . Маъруфтарин узви ин ганҷинаи ҷаззоб , Aлмоси суратии ранги "Дарёи нур" аст .

 

Музеи Ҷавоҳирот

 

5 . Музеи Ҳунарҳои муосир
Муҳимтарин музеи ҳунарии Эрон , музеии "Ҳунарҳои муосир" аст, ки дар соли 1356 ифтитоҳ шуд . Гуфта мешавад, ки ин музе , ҷузви маҷмуъаи бартари дунё дар ҳавзаи ҳунарҳои навгаро аст . Осори бисёр аз ҳунармандони машҳури ҷаҳон , аз ҷумла Picasso,
 Gauguin ва Renoir -ро метавонед дар музеи ҳунарҳои муосир тамошо кунед .

Музеи Ҳунарҳои муосир

 



6 . Музеи Дифои Mуқаддас

Музеии "Дифои Mуқаддас", ҳар элементи машҳуру муҳимме, ки дар Ҷанги таҳмилии ҳашт солаи Ироқ зидии Эрон вуҷӯд дошт, дар худ ҷо додааст . Ин музе аз бахшҳои мухталифе ташкил шудааст, ки ба ҷуз Tолори Парвонаҳо , боқии бахшҳо бештар ҳолати равоӣ доранд . Аз қисматҳои ҷолиби музеи  "Дифои Mуқаддас" метавон ба бозсозии қисматҳои Хуррамшаҳр , аз ҷумла масҷиди Ҷомеъ , ишора кард .

Музеи Дифои Mуқаддас

 


7 . Музеи Остони Қудси Разавӣ
Музеи "Остони Қудси Разавӣ", ки дар шаҳри Машҳад ва дар муҷовирати боргоҳи Имом Ризо (a) қарор гирифтааст , яке аз беҳтарини музеҳои Эрон ба ҳисоб меояд . Ашёи нигаҳдорӣ шуда дар музеи "Остони Қудси Разавӣ", ҳам ба лиҳози арзиши моддӣ ва ҳам ба лиҳози арзиши маънавӣ , ҷойгоҳи беназире дар фарҳанги Эрон доранд . Маҷмуъа музеҳои "Остони Қудси Разавӣ",  дар соли 1324 ифтитоҳ шуданд . Бисёре аз ашёи музе , ҳадоёе ҳастанд, ки моликону маҷмуъадорон ба маҷмуъаи Ҳарами мутаҳҳари Разавӣ эҳдо кардаанд .

Музеи Остони Қудси Разавӣ

 


8 . Музеи Порси Широз
Музеии "Порси Широз", ки дар ҷавори мақбараи Каримхони Занд бино шудааст , аз қадимитарину муҳимтарин музеҳои Эронаст . Меъмории музеи Порси Широз" дар канори осори боарзише, ки дар он нигаҳдорӣ мешавад , ҷолиб тавваҷуҳаст. Иморати ҳашт зилъии музе дар канори иморати Kулоҳ фарангӣ ки бо нақшҳои
 асили эронӣ тарроҳӣ шудааст, чашми ҳар бинандаро ба худ хира мекунад .

Музеи Порси Широз

 


9 . Музеи Oби Язд         
Устонҳои қисмати фалоти марказии Эрон , аз қадим бо камбуди об мувоҷеҳ будаанду об ба унвони яке аз стратегитарин маводи табиӣ , саҳми муҳиммиро дар муъодилоти қудрат бозӣ мекард . Тақсими одилонаи об , ашёи марбут ба системаи обрасонӣ ва обёрӣ бояд он қадр пешрафта мебуд, ки тавоноии мудирияти обро ба ҳуккоми шаҳрҳои кавирӣ медод . Ҳар иттилооте, ки дӯст доред дарбора бархӯрдии пешинён бо мақулаи обу мудирияти он бидонед , дар музеи “Oби Язд” дар дастрас шумост . Музеи ҷаззоб, ки мирос фарҳангии арзишманде ба ҳисоб меояд .

Музеи Oби Язд

 


10 . Музеи Mусиқии Исфаҳон
Аз беҳтарини музеҳои хусусии Эрон , музеи “Mусиқии Исфаҳон” аст, ки дар соли 1394 таъсис шуд . Дар ин музеи камназири Эрон , беш аз 300 сози мусиқӣ дар маърази намоиш қарор гирифтаасту тарзи истифода ва навои он ҳам ба боздидкунандагон нишон дода мешавад .

Музеи Mусиқии Исфаҳон