Ҳамкории расонаии Эрон ва Русия ; Ҷабҳаи муштарак дар баробари ахбори ҷаълӣ
-
Ҳамкории расонаии Эрон ва Русия ; Ҷабҳаи муштарак дар баробари ахбори ҷаълӣ
Порс тудей - Сафири Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Маскав дар дидор бо сухангӯии Вазорати умӯри хориҷаи Русия ба баррасии роҳкорҳои муқобила бо ахбори ҷаълӣ ва тақвияти ҳамкориҳои расонаӣ пардохтанд .
Козим Ҷалолӣ , сафири Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Маскав рӯзи сешанбе бо Мария Захарова , сухангӯи Вазорати умӯри хориҷаи Русия , дидор кард . Ба гузориши Порс тудей ба нақл аз хабаргузории Меҳр , тарафайн дар ин дидор зимни табйин ва ташреҳи таҳаввулоти ахир дар бораи зарфиятҳои фаъолияти расонаӣ ва имконсанҷӣ тавсеаи ҳамкориҳои расонаӣ ва шигирдҳои таъсиргузори расонаӣ ва иқдомоти муштарак барои шинохти ҳар чи беҳтару бештари афкори умумии ду кишвар аз ҳамдигар гуфтугӯ карданд . Ҳамчунин , роҳкорҳои муқобила бо ахбори ҷаълӣ ва ҷараёнҳои хабарии мухарриб ки ба равобити ду кишвар осеб мезанад , мавриди баҳс қарор гирифт . Вазорати хориҷаи Русия пеш аз ин низ дурӯғпардозиҳои расонаҳои ғарбӣ ва амрикоии зидди Эронро « корзори сиёсии касиф » номида буд.
Троикаи аврупоӣ пас аз се соли монеъатарошӣ , замонро баҳона мекунад
Ва хабари дувум инки Михаил Ульянов, намояндаи доими Русия дар ниҳодҳои байналмилалӣ бо баёни инки Эрон ҳаққи истифодаи сулҳомез аз энержии ҳастаӣ , аз ҷумлаи ғанисозӣ уряниюмро дорад , таъкид кард : Зери суол бурдани ин ҳаққи комилан масхарааст . Ульянов бо ишора ба монеъа тарошиҳои троикаи аврупоӣ дар музокироти эҳёии БарҶом , гуфт ки ин кишварҳо пас аз се соли монеъатарошӣ , акнӯн иддао мекунанд ки замон дар ҳол итмом аст ва бояд тавофуқи ҷадид ҳосил шавад . Оё ин дипломасӣ номида мешавад ? Дар ҳамин иртибот , Jean-Noël Barrot , вазири хориҷаи Фаронса , Ҷумҳурии Исломии Эронро ба фаъолсозии механизми моша таҳдид кард ва бидӯни ишора ба хурӯҷи як турфаи Амрико аз БарҶом , бар лузӯми ҷилавгирӣ аз дастёбии Эрон ба силоҳи ҳастаӣ таъкид кард .