Вазири хориҷаи Эрон : Исрор бар ғанисозии сифр яъне « на ба тавофуқ »
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i121260
 Порс тудей - Вазири умӯри хориҷаи Ҷумҳурии Исломии Эрон дар гуфтугу бо «Financial Times » , ҷуброни хисоратҳои ворида дар ҷараёни ҷанги моҳи гузаштаи зидди Эронро хостор шуд ва таъкид кард ки Амрико бояд хисоратҳои ворида дар ҷараёни ҷанги 12 рӯзаро ҷуброн кунад .
(last modified 2025-07-31T09:44:49+00:00 )
Июл 31, 2025 14:44 Asia/Dushanbe
  • Вазири хориҷаи Эрон : Исрор бар ғанисозии сифр яъне « на ба тавофуқ »
    Вазири хориҷаи Эрон : Исрор бар ғанисозии сифр яъне « на ба тавофуқ »

 Порс тудей - Вазири умӯри хориҷаи Ҷумҳурии Исломии Эрон дар гуфтугу бо «Financial Times » , ҷуброни хисоратҳои ворида дар ҷараёни ҷанги моҳи гузаштаи зидди Эронро хостор шуд ва таъкид кард ки Амрико бояд хисоратҳои ворида дар ҷараёни ҷанги 12 рӯзаро ҷуброн кунад .

« Сайдаббоси Ироқчӣ » вазири умӯри хориҷаи Эрон бо тарҳи ин пурсиш ки Амрико бояд тавзеҳ диҳад ки чаро дар васати музокирот ба мо ҳамла кард , гуфт : Амрико бояд тазмин кунад ки чунин чизе дар оянда такрор нахоҳад шуд . Ба гузориши Порс тудей ба нақл аз Ирно , раиси дастгоҳи дипломасии Эрон дар бахшҳое аз ин гуфтугӯ хотирнишон кард : Вай ва Steve Witkoff , намояндаи вижаи Амрико , дар тӯл ва пас аз ҷанг паёмҳоӣ раду бадал кардаем ва ба онҳо гуфтаам ки барои ҳали буҳрони ҳастаии Эрон бояд роҳи ҳал « бурд - бурд » пайдо кард .

Ироқчӣ таъкид кард : То замоне, ки Доналд Трамп раиси Ҷумҳурии Амрико хостори таваққуфи комили ғанисозӣ дар Эрон бошад , ҳеҷ тавофуқии имкон пазир нахоҳад буд , аммо Вашингтон метавонад нигарониҳои худро аз тариқи музокирот матраҳ кунад . Мо метавонем музокира кунем , онҳо метавонанд истидлолҳои худро ироа диҳанд ва мо ҳам истидлолҳои худро ироа хоҳем дод . Вай бо таъкид бар инки роҳи музокирот борик аст аммо ғайримумкин нест , афзӯд : Witkoff талош карда то вайро қонеъ кунад ки ин имкон вуҷӯд дораду пешниҳод аз саргерии музокиротро матраҳ кардааст . Аммо мо ниёз ба иқдомоти воқеии эътимодсозӣ аз сӯйи онҳо дорем ки ин иқдомот бояд шомили ҷуброни молӣ ва ҳамчунин тазминҳое дар хусӯси адами ҳамла ба Эрон дар тӯли музокирот муҷаддад бошад .

Ироқчӣ бо ишора ба инки паёми вай печида нест , идома дод : Ҳамлаи ахир нишон дод ҳеҷ роҳи ҳали низомӣ барои барномаи ҳастаии Эрон вуҷӯд надорад , аммо роҳи ҳали музокира қобили пайдо карданаст . Ҷумҳурии исломӣ ба барномаи ҳастаии сулҳомез ва ғайринизомии худ пойбандаст , докторини худро тағйир нахоҳад дод ва ба фатвои 20 сола Оятуллоҳ Алии Хоманаӣ , Раҳбари инқилоби исломӣ , ки тавсеаи силоҳҳои ҳастаеро манъ кардааст , эҳтиром мегузорад .

Вазири умӯри хориҷаи Эрон бо ишора ба инки ҷанг фақат беэътимодӣ ба раиси ҷумҳӯри Амрико , Доналд Трамп ,ро амиқтар кардааст ; афзуд : Трамп дар даврони нахусти худ тавофуқи ҳастаӣ 2015-ро ки Эрон бо давлати Барак Обама ва дигар қудратҳои ҷаҳонӣ имзо карда буд , лағв кард . Теҳрон ҳануз тавонои ғанисозӣ урёниюмро дорад . Сохтимонҳо метавонанд бозсозӣ шаванд . Мошинҳо метавонанд таъвиз шаванд , чун фанноварии он мавҷӯдаст . Мо теъдоди зиёди донишманд ва Technician дорем ки қаблан дар таъсисоти мо кор мекарданд . Аммо инки чӣ замоне ва чигуна ғанисозиро аз сар мегирем ба шароит бастагӣ дорад .