Содироти Эрон ба Авруосиё тайи се моҳ чӣ мизон афзоиш дошт ?
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i121290
Порс тудей- Раиси Созмони тавсеаи тиҷорати Эрон бар нақши калидии мувофиқатномаи тиҷорати озоди байни Эрон ва кишварҳои узви Иттиҳодияи иқтисоди Авруосиё таъкид кард .
(last modified 2025-08-02T11:50:15+00:00 )
Август 02, 2025 16:50 Asia/Dushanbe
  • Содироти Эрон ба Авруосиё тайи се моҳ чӣ мизон афзоиш дошт ?
    Содироти Эрон ба Авруосиё тайи се моҳ чӣ мизон афзоиш дошт ?

Порс тудей- Раиси Созмони тавсеаи тиҷорати Эрон бар нақши калидии мувофиқатномаи тиҷорати озоди байни Эрон ва кишварҳои узви Иттиҳодияи иқтисоди Авруосиё таъкид кард .

« Муҳаммадали Деҳқон Даҳнавӣ » раиси Созмони тавсеаи тиҷорати Эрон ба тозагӣ эълом кард : Коҳиши тарофаҳо аслитарин мазияти тавофуқномаи тиҷорати Эрон ва 5 узви иттиҳодияи иқтисодии Авруосиё аст ва ба тасҳили вуруди колоҳои эронӣ ба бозори Авруосиё кумак кардааст . Ба гузориши Порс тудей , Деҳқон Даҳнавӣ гуфт : Содироти Эрон ба ин бозорҳо дар баҳори имсоли 22 дарсад рушд дошт ва ба рақами қобили тавваҷуҳи 532 миллтон доллар расид .

Деҳқон Деҳнавӣ афзӯд : Ин омор , ҳокӣ аз потансиели болои мувофиқатномаи тиҷорати озоди миёни Эрон ва кишварҳои узви Иттиҳодияи иқтисодии Авруосиё барои тавсеаи тиҷорати дуҷониба аст .

Гуфтанӣ аст , Иттиҳодияи Авруосиё ( EAEU ) , як Иттиҳодияи иқтисодии миёни давлати шомили Русия , Қазоқистон , Беларӯс , Арманистон ва Қирғизистон аст ки дар соли 2014 ташкил ва дар соли 2015 расман кори худро оғоз кард .