Оё тири Трамп дар мавриди Русия ба санг хӯрдааст ?
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i121298
 Порс тудей – Бо афзоиши танишҳои сиёсӣ ва ҷанги лафзии байни Русия ва Амрико , иқдомоти низомӣ аз ҷумла истиқрори зердарёиҳои ҳастаӣ дар дастури кори Вашингтон қарор гирифтааст .
(last modified 2025-08-02T13:23:51+00:00 )
Август 02, 2025 18:23 Asia/Dushanbe
  • Оё тири Трамп дар мавриди Русия ба санг хӯрдааст ?
    Оё тири Трамп дар мавриди Русия ба санг хӯрдааст ?

 Порс тудей – Бо афзоиши танишҳои сиёсӣ ва ҷанги лафзии байни Русия ва Амрико , иқдомоти низомӣ аз ҷумла истиқрори зердарёиҳои ҳастаӣ дар дастури кори Вашингтон қарор гирифтааст .

Ба гузориши Порс тудей , Доналд Трамп раиси ҷумҳӯри Амрико рӯзи ҷумъаи 1 август эълом кард : Дастур додам ду зердарёии ҳастаӣ дар манотиқи муносиб дар вокуниш ба суханони таҳрикомез Дмитрий Медведев муовини раиси Шӯрои амнияти Русия мустақар шавад . Трамп дар иқдомӣ бесобиқа бо « бисёр таҳрикомез » тавсиф кардани суханон Медведев гуфт ки ин дастурро содир кардааст барои шароите, ки ин ҳарфҳои аҳмақона ва таҳрикомез воқеан ҷиддӣ бошанд ва фақат ҳарф набошанд. 

Дар таҳаввулии дигар , Трамп рӯзи сешанбеи 29 июли хитоб ба « Владимир Путин » раиси ҷумҳӯри Русия эълом кард чунончӣ ҷанг бо Украинаро поён надиҳад , бо тарофа ва муҷозотҳои дигар рӯ ба рӯ мешавад . Трамп гуфт ки Русия аз имрӯзи 10 рӯз муҳлат дорад то ба ҷанги алайҳи Украина поён диҳад ё бо муҷозотҳои Амрико рӯ ба рӯ хоҳад шуд .

Раиси ҷумҳӯри Амрико дар 31 июл дар шабакаи иҷтимои Truth Social навишт : Русия ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико тақрибани ҳеҷ тиҷоратӣ бо ҳам надоранд . Иҷоза диҳед ба ҳамин шева идома диҳем ва ба Медведев раиси ҷумҳӯри шикаст хӯрдаи собиқи Русия ки ҳануз ҳам фикр мекунад ки раиси ҷумҳӯраст , бигӯем ки « муроқиби ҳарфҳоят  бош ! »

Трамп дар моҳи июл як муҳлати 50 рӯзаро барои дастёбии Русия ба тавофуқи оташбас бо Украина таъйин ва ин кишварро таҳдид ба тарофа дар сӯрати шикасти тавофуқ кард ва сипас онро ба 10 то 15 рӯз коҳиш дод . Медведев ахиран алтимотуми Трамп барои Кремлинро ба тамасхур гирифта ва дар паёмӣ навишт : Агар чанд калима аз як раиси ҷумҳӯри собиқ Русия метавонад чунин вокуниши хашмгиниро аз сӯйи раиси ҷумҳӯр ба истилоҳ қудратманди Иёлоти Муттаҳида эҷод кунад , пас возеҳ аст ки Русия дар мавриди ҳамаи чиз ҳақ дорад ва ба роҳи худ идома хоҳад дод . Ҷанги лафзии ду тараф дар телеграм идома ёфт ба тавре, ки Медведев хашмгин , Трампро бо силоҳи охируззамонӣ даврони ҷанги сарди маърӯф ба « дасти мурда » ( Dead Hand ) таҳдид кард . « дасти мурда » як системаи кантроли таслеҳоти ҳастаии худкор аст ки тавассути Шуравии собиқ дар даврони ҷанги сард тавсеа ёфт .

Трамп дар вокуниш ба сахра гирифтани зарби алаҷали ӯ барои Русия дарбораи поён додан ба ҷанги Украина аз сӯйи Дмитрий Медведев дар шабакаи иҷтимоиTruth Social навишт : « Ӯ вориди қаламрав хатарнокӣ мешавад ! »

Медведев , пас аз онкии Lindsey Graham , сенатори тундравӣ Ҷумҳурихоҳ ба ӯ гуфт ки « ба мизи сулҳ биёяд » , дар пасти дигарӣ дар шабакаи Х ӯро « пермард » хитоб кард ва навишт : Ба ту ва ё Трамп марбӯт нест ки « замони ҳозир шудан дар пои мизи музокира »ро дикта кунед . Музокирот замонӣ поён хоҳад ёфт ки ҳамаи аҳдофи амалиёти низомии мо таҳаққуқ ёбад . Медведев ҳомии ошкори ҷанги Русия дар Украина аст ки байни солҳои 2008 то 2012 ба далели мамнӯъияти қонӯнӣ барои давраи сеюми раёсати Ҷумҳурии Путин , ин курсиро ӯҳда дор шуд .

Ба назар мерасад вокунишҳои пайи дар пайи Медведев дар қиболи изҳороти Трамп ки мусалламан бо чароғи сабзи Владимири Путини раиси ҷумҳӯри Русия сӯрат мегирад , мӯҷиб шуда то Трамп бисёр асабонӣ ва хашмгин шавад . Трамп чӣ дар давраи аввали раёсати Ҷумҳурии худ ва чӣ акнӯн дар дуюмин давраи раёсати Ҷумҳуриаш ҳамвора нигоҳии таҳқиромез ва аз боло ба пойн ба соири кишварҳо дошта ва дар бисёре маворид аз адабиётии тавҳиномез алайҳи соири кишварҳо ва сарону мақомоти онҳо истифода кардааст . Зимни инки Трамп ҳамвора одат карда то ба маҳзи дархостӣ аз кишварҳо , онҳо фавран ва бидӯни таъаллули хостаҳои вайро бипазиранд .

Мисоли боризи ин амрро метавон тавофуқи тиҷории ахири Амрико ва Иттиҳодия Аврупо донист ки ба рағми ваъдаи аврупоеҳо дар заминаи муқовимат дар баробари фишорҳои Трамп барои пазириши тарофаҳо ва шароити тиҷории ҷадид , аммо дар ниҳоят ба далели заъфҳои сохтории Аврупо дар муқобили Амрико ва вобастагии амниятӣ ба он ,Ursula von der Leyen раиси камиссиюни Аврупо дар дидор бо Трамп дар Шотландияи тарофаи 15 дарсадӣ бар содироти Аврупо ба Амрикоро пазируфт . Ба гуфтаи Трамп , Иттиҳодияи Аврупо мувофиқат кардааст ки ҳудӯди 750 миллиард доллари энержӣ аз Амрико харидорӣ кунад ва 600 миллиард доллари бештар аз сармоягузорӣ кунунӣ дар он сармоягузорӣ карда ва ҳамчунин таҷҳизоти низомии зиёдиро харидории намояд . Медведев муовини раиси Шӯрои амнияти Русия пештар дар вокуниш ба тавофуқи тиҷории Вашингтон ва Бруксел гуфта буд ки раиси ҷумҳӯри Амрико бо ин иқдоми аврупоеҳоро таҳқир кард . Медведев дар канали Телеграмии худ навишт ки ин тавофуқ барои Вашингтон хуб аммо барои аврупоеҳо комилан таҳқиромезаст , чаро ки дар натиҷаи чунин тавофуқи ҳимоятҳо аз бозори Аврупо аз байн мераваду аворизи гумрукии колоҳои амрикоӣ ба сифр мерасад .

Таъомулоти ахири байни Русия ва Амрико нишон медиҳад ки як қудрати байналмилалӣ яъне Русия тасмим гирифта то ин бор дар муқобили Амрико муҳкам биистад ва ҳамон рӯйкарди Трампро алайҳ ӯ ба кор гирад . Дар воқеъ , Русия ки ҳамонанди Амрико як қудрати ҳастаии аслии ҷаҳон маҳсӯб мешавад , дар муқобили таҳдидоти Трамп ва алтимотуми ахири вай вокунишии таҳқиромезу мубтанӣ бар тамасхури Трампро дар пеш гирифта ва ҳамин амр нишон аз эътимод ба нафаси болои рӯсҳо ва иттикои онҳо ба қудрати миллии Русия ба хусӯс зарродхонаи ҳастаии он барои муқобила бо таҳдидоту иқдомоти эҳтимолии Вашингтон аст . Бадин тартиб , ба назар мерасад ки тири Трамп ки таҳдид ба таҳриму таъйини зарбалаҷал барои тарафи муқобил ва гардан ниҳодан ба хостаҳои Вашингтон аст , ин бор дар мавриди Русия ба санг хӯрдааст .