Рақобатҳои куштии фарангии байналмилалии Руминия ; Эрон нойибқаҳрамон шуд
-
Рақобатҳои куштии фарангии байналмилалии Руминия ; Эрон нойибқаҳрамон шуд
Порси тудей - Тими миллии куштии фарангии Ҷумҳурии Исломии Эрон , унвони нойбқаҳрамонии рақобатҳои куштии фарангии Руминияро азони худ кард .
Ба гузориши Порс тудей ба нақл аз Ирно , тими мунтахаби куштии фарангии Эрон бо касби 3 медали тилло , 3 нуқра ва як бронза нойибқаҳрамони рақобатҳои байналмилалии киштии фарангии Руминия шуд . Дар рада бандии тимӣ низ Эрон дар ҷойгоҳи дуввум истод .
Рақобатҳои байналмилалии куштии фарангии Руминия дар рӯзҳои ҳаштуму нуҳуми август дар шаҳри Bucureşti Руминия баргузор шуд .
Саҷҷоди Аббоспӯр , Амири Абдӣ , Амирризои Акбарӣ , Амирризои Деҳбузургӣ , Амирризои Муродён , Абулфазли Маҳмудӣ ва Абулфазли Асғарӣ , медал оварони ин давра аз рақобатҳои куштии фарангӣ барои Эрон дар Руминия буданд .