Январ 19, 2017 14:19 Asia/Dushanbe

Бинои 15 табақаи Пласко дар хиёбони ҷумҳурии Теҳрон субҳи имрӯз -панҷшанбе дучори оташсӯзӣ шуд ва фурӯрехт.

Бинои бузург ва 54 солаи Пласко дар ҳоле, ки оташнишонон дар ҳоли хомӯш кардани оташи он буданд, ба якбора фурӯрехт ва эҳтимоли зери овор мондани оташнишонон ва теъдоде аз соҳибони мағозаҳо вуҷуд дорад.

Бинобар охирин гузоришҳо, то кунун 35 оташнишон барои дармон ба марокизи дармонӣ эъзом шудаанд ва даҳҳо мошини ёрии таъҷилӣ дар маҳалли ҳодиса ҳузур доранд.

Ду сафорати наздик ба маҳалли ҳодиса низ тахлия шудааст.

Бемористонҳои минтақа ҳам ба ҳолати омодабош даромадаанд ва шаҳрдори Теҳрон низ, ки барои дидор бо уламо ба шаҳри Қум рафта буд, барномаи сафари худро ба далели бурузи ин ҳодиса қатъ кард ва ба Теҳрон бозгашт.