Ҳадафи режими саҳюнистӣ аз мусаллаҳсозии ҷудои талабони балӯчи Покистон чист ?
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i121630-Ҳадафи_режими_саҳюнистӣ_аз_мусаллаҳсозии_ҷудои_талабони_балӯчи_Покистон_чист
Порс тудей - Пойгоҳи таҳлилӣ ( Cradle ) дар гузорише аз тарҳи режими саҳюнистӣ барои мусаллаҳсозии ҷудои талабони балӯч дар Покистон хабар дод .
(last modified 2025-08-25T02:37:21+00:00 )
Август 20, 2025 16:16 Asia/Dushanbe
  • Ҳадафи режими саҳюнистӣ аз мусаллаҳсозии ҷудои талабони балӯчи Покистон чист ?
    Ҳадафи режими саҳюнистӣ аз мусаллаҳсозии ҷудои талабони балӯчи Покистон чист ?

Порс тудей - Пойгоҳи таҳлилӣ ( Cradle ) дар гузорише аз тарҳи режими саҳюнистӣ барои мусаллаҳсозии ҷудои талабони балӯч дар Покистон хабар дод .

Пойгоҳи таҳлилӣ ( Cradle ) дар гузорише аз тарҳи режими Исроил барои мусаллаҳсозӣ ҷудои талабони балӯч дар Покистон хабар дода ва таъкид кардааст : Лояи хатарноки тозае ба муноқишоти минтақаӣ афзӯдааст ; Эрону Покистон акнӯн протоколҳои муштараки табодули иттилоот ва созукорҳои зидди террористиро барои мудирияти беҳтари марзи 900 километрии худ барқарор кардаанд , марзӣ бо заминҳои саъбалубур ки паноҳгоҳи шӯришён , қочоқчиёни мавод мухаддираст . Ба гузориши Порс тудей ба нақл аз Ирно , бо густариши харобкориҳо ва ҳимояти мустаими режими саҳюнистӣ аз гуруҳҳои мусаллаҳи балӯч , марзҳои Эрону Покистон ба саҳнаи рақобатҳои жиополетикии тозае табдил шудааст . Сафари ахири Масъӯди Пизишкиён раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон ба Исломобод ва таъкиди муштараки ду кишвар бар муқобила бо шӯришҳои марзӣ , нишонае аз тағйири рӯйкарди Теҳрону Покистон дар баробари таҳдидҳои хориҷӣ аст .

Ҳузури созмони ҷосӯсии режими саҳюнистӣ ( Мосад ) дар Балӯчистони Покистон ва пайванди он бо гурӯҳҳои ҷудои талаб , нигарониҳои амниятиро дучандон карда ва ба таъмиқи ҳамкориҳои иттилоотии ду ҳамсоя анҷомидааст . Акнун Балучистон на як шӯриши маҳаллӣ , балки майдони ҷангӣ ниёбатӣ аст ки ояндаи суботи минтақаро таҳти таъсир қарор медиҳад.

Барасоси ин гузориш , бо афзоиши харобкориҳо ва ҳимояти режими Исроил аз гурӯҳҳои мусаллаҳи балӯч дар марзҳои Эрону Покистон , Теҳрон ва Исломобод ҳамоҳангиҳои амниятии худро барои муқобила бо ҷудои талабиҳои таҳти ҳимояти хориҷӣ таъмиқ бахшидаанд . Дар ин замина « Мансурхон Маҳсуд » , мудири иҷроӣ « маркази таҳқиқоти манотиқи қабилаи Покистон » мегӯяд : « Ба назар мерасад Теҳрону Исломобод саранҷом ба иҷмоъ расидаанд ва пазируфтаанд ки танишҳои Балӯчистон аз як шӯриши маҳаллӣ фаротар рафта ва ба бозии печидаи жиополетики табдил шудааст . Ин вазъиятитавваҷуҳи чандини бозигари минтақаиро ки талош мекунанд аз гурӯҳҳои норозӣ барои таҳаққуқи аҳдофи роҳбурдии худ баҳра бардорӣ кунанд ҷалб кардааст . »

« Мансурхон Маҳсуд » муътақидаст : корзори режими Исроил барои мусаллаҳсозии ҷудои талабии балӯч , лояи хатарноки тозае ба муноқишоти минтақа афзӯдааст .

Муассиса « пажӯҳиши расонаҳои Ховаримиёна » ( MEMRI ) як андешкадаи ҳомии режими Исроил дар Вашингтон дар 12 июни пружаи мутолиотии Балӯчистонро роҳандозӣ кард . Эрон ва Покистон ин иқдомро бахше аз талоши ҳамоҳанги ин режим ва бархе дигар аз кишварҳо барои бесуботсозии минтақа медонанд .

Дар ин замина « Абдуллоҳ Хон » , раиси муассисаи « мутолиотии даргирӣ ва амниятии Покистон » дар Исломобод мегӯяд : Бархе кишварҳо дар минтақа бо гурӯҳҳои ҷудои талаб дар Балӯчистон равобити наздикӣ барқарор карда ва ба пулӣ барои иттисоли онҳо ба Исроил табдил шудаанд . Абдуллоҳ Хон муътақидаст : Ҳузури фазояндаи иттилооти режими Исроил дар Балӯчистон нишон медиҳад ин минтақа то чӣ ҳад ба саҳнаи фаъолиятҳои ниёбатии хасмонаи табдил шудааст .