Натиҷаҳои сафари Пизишкиён ба Арманистон чист?
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i121644-Натиҷаҳои_сафари_Пизишкиён_ба_Арманистон_чист
Парс Тудей – Масъуд Пизишкиён, раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон ба даъвати расмии нахуствазири Арманистон ва ба манзури сафари расмии дуҷониба, зуҳри душанбе (18 август) дар садри як ҳайати баландпояи сиёсӣ ва иқтисодӣ, Теҳронро ба мақсади Ереван тарк кард.
(last modified 2025-08-21T10:04:05+00:00 )
Август 21, 2025 15:02 Asia/Dushanbe
  • Натиҷаҳои сафари Пизишкиён ба Арманистон чист?

Парс Тудей – Масъуд Пизишкиён, раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон ба даъвати расмии нахуствазири Арманистон ва ба манзури сафари расмии дуҷониба, зуҳри душанбе (18 август) дар садри як ҳайати баландпояи сиёсӣ ва иқтисодӣ, Теҳронро ба мақсади Ереван тарк кард.

Ба гузориши Порс Тудей, Масъуди Пизишкиён пеш аз тарки Теҳрон дар як гуфтугӯ, тавсеа ва тақвияти ҳамкориҳо бо кишварҳои ҳамсоя ва ҳамсуро аз аҳдофи муҳим ва авлавиятҳои сиёсати хориҷии давлати Эрон унвон кард ва гуфт: Сафар ба кишвари дӯст ва ҳамсояи Арманистон низ дар ҳамин росто ва дар ҷиҳати тақвияти ҳамкориҳои ду кишвар анҷом мешавад.

Меҳдии Саноӣ, мушовири сиёсии раисиҷумҳури Эрон тақвияти муносибатҳои дуҷониба, бавижа дар арсаи тиҷорӣ ва имзои асноде дар ин самтро аз ҷумлаи аҳдофи ин сафар унвон кард.

Раисиҷумҳури Эрон рӯзи душанбе бо истиқболи муовинони нахуствазир ва вазири умури хориҷаи Арманистон, вориди Ереван шуд. Пас аз истиқболи расмӣ аз сӯи Никол Пашинян, нахуствазири Арманистон, бо вай дидор ва гуфтугӯи дуҷониба дошт ва сипас якҷоя нишасти ҳайатҳои баландрутбаи ду кишварро ба манзури баррасии сархатҳои асосии ҳамкориҳо ва баррасии роҳкорҳои густариши муносибатҳои дуҷониба, баргузор карданд.

Пас аз он мақомоти баландпояи Эрон ва Арманистон дар ҳузури сарони 2 кишвар 10 санади ҳамкорӣ дар арсаҳои сиёсӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ, гардишгарӣ, саноатӣ, омӯзишӣ, роҳ ва шаҳрсозӣ, ҳунарӣ ва беҳдошту саломатӣ ба имзо расониданд. Ҳамчунин раиси ҷумҳури Эрон ва нахуствазири Арманистон баёнияи муштараки сафар миёни ду кишварро имзо карданд.

Никол Пашиниён дар нишасти матбуотӣ пас аз дидор бо Масъуди Пизишкиён дар Ереван гуфт, ки Эрон ва Арманистон тавофуқ карданд, ки пули дувумро бар рӯи рӯдхонаи Арас дар марзи муштараки худ ифтитоҳ кунанд. Вай тасреҳ кард, ки ин тасмим бо таваҷҷуҳ ба ин ки ҳаҷми мубодилоти тиҷоратӣ миёни Теҳрон ва Ереван ба сурати рӯзона афзоиш ёфта, иттихоз шудааст. Нахуствазири Арманистон хотирнишон кард, ки мубодилоти тиҷорӣ миёни ду кишвар акнун ба марзи як миллиард доллар расидааст. Дар ҳамин ҳол Теҳрон ва Ереван пайваста дар талошанд, то ин рақамро ба 3 миллиард доллар афзоиш диҳанд. Пашиниян таъкид кард, ки ҳамкории Эрон бо Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё (ИИАО) яке аз пешниёзҳои муҳим барои дастёбӣ ба ин ҳадаф аст. Ин мақоми аршади арманистонӣ афзуд: «Тавофуқномаи тиҷорати озод, ки миёни Эрон ва Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё ба иҷро даромадааст, фурсатҳои наверо барои соҳибкорон дар ду кишвар эҷод мекунад.»

Сафари Масъуди Пизишкиён, раисиҷумҳури Эрон, ба Арманистон дар моҳи августи соли 2025 бо дастовардҳои муҳиме ҳамроҳ буд, ки дар ростои тақвияти муносибатҳои дуҷониба ва ҳамкориҳои минтақавӣ сурат гирифт. Ин сафар на танҳо гоми муҳиме дар тақвияти муносибатҳои Эрону Арманистон буд, балки паёми равшане дар бораи сиёсати хориҷии Эрон дар минтақаи Қафқоз ва фаротар аз он ирсол кард. Муҳимтарин натиҷаҳои ин сафар ба шарҳи зайл аст:

Тавофуқоти стратегӣ ва ҳамкориҳои дуҷониба

Ба даст овардани тавофуқоти муфид ва роҳкушо дар заминаҳои мухталиф, аз ҷумла дар соҳаҳои иқтисодӣ, фарҳангӣ ва сиёсӣ.

Имзои баёнияи муштарак ва асноди ҳамкорӣ миёни ҳайатҳои баландрутбаи Эрон ва Арманистон, бо ҳадафи рушди муносибатҳо дар заминаҳои мухталиф.

Дидорҳои дипломатӣ ва фарҳангӣ

Дидор бо раиси ҷумҳури Арманистон, Ваҳагн Хачатурян, ки дар он бар дӯстии таърихӣ ва тамаддунии ду кишвар таъкид шуд.

Нишаст бо эроншиносони арманӣ ва дидор бо эронииёни муқими Арманистон, ки нишондиҳандаи таваҷҷуҳ ба дипломатияи фарҳангӣ буд.

Боздид аз Масҷиди Кабуди Ереван, рамзи ҳузури таърихии Эрон дар Арманистон.

Мавзеъҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ

Сафари Пизишкиён ба Арманистон таъсири қобили таваҷҷуҳе бар вазъияти амниятии минтақаи Қафқози Ҷанубӣ дорад, зеро ин сафар на танҳо ҷанбаи дипломатӣ дошт, балки паёмҳои стратегии муҳимеро ба бозигарони минтақавӣ ва фароминтақавӣ мунтақил кард. Таъсироти амниятии ин сафарро метавон ин гуна баршумурд:

1- Ҳимоят аз тамомияти арзии Арманистон

Эрон дар ин сафар ба сароҳат бар ҳимоят аз истиқлол ва тамомияти арзии Арманистон таъкид кард, ки дар шароити танишзо миёни Арманистон ва Ҷумҳурии Озарбойҷон, нақши боздоранда дошт.

Ин мавзеъгирӣ, паёми равшане ба қудратҳои минтақавӣ буд, ки Эрон мухолифи ҳар гуна тағйири марзҳои геополитикӣ аз тариқи зӯр аст.

2. Мухолифат бо ҳузури Амрико ва НАТО дар Қафқоз

Раиси ҷумҳури Эрон дар дидорҳои расмӣ, ҳузури Амрико дар минтақаро омили бесуботӣ донист ва бар лузуми ҳалли масъалаҳои минтақавӣ тавассути кишварҳои минтақа таъкид кард.

Ин мавзеъ, ба тақвияти гуфтумони «амнияти минтақаӣ бидуни мудохилаи хориҷӣ» кумак кард ва боиси ҳамгироии бештар миёни кишварҳои мустақили минтақа шуд.

3. Тақвияти ҳамкориҳои амниятӣ бо Арманистон

Тавофуқ бар сари ҳамкориҳои амниятӣ ва иттилоотӣ миёни Эрон ва Арманистон, ба афзоиши ҳамоҳангӣ дар муқобила бо таҳдидҳои муштарак монанди терроризм, қочоқ ва нуфузи хориҷӣ мунҷар шуд.

Ин ҳамкориҳо метавонад ба эҷоди механизмҳои муштараки амниятӣ дар Қафқози Ҷанубӣ бианҷомад.

4. Нақши Эрон дар коридорҳои транзитӣ ва амнияти марзӣ

Эрон бо таъкид бар тавсеаи коридори Халиҷи Форс – Баҳри Сиёҳ, нақши худро ба унвони зомини субот дар масирҳои транзитии минтақа тасбит кард.

Ҳамкорӣ дар иртиқои зерсохтҳои марзӣ, ба коҳиши танишҳои марзӣ ва афзоиши амният дар нуқоти ҳассос кумак мекунад.

5. Паёми сулҳ ва ҳамзистӣ

Сафари Пизишкиён бо меҳварияти гуфтугӯ, эҳтироми мутақобил ва ҳамкории фарҳангӣ, паёми сулҳомези Эрон ба минтақа буд.

Ин равиши нарм, дар канори мавзеъҳои стратегӣ, ба коҳиши танишҳои қавмӣ ва сиёсӣ дар Қафқоз кумак мекунад.

Дар маҷмӯъ, ин сафар на танҳо муносибатҳои дуҷонибаи Эрону Арманистонро тақвият кард, балки ҷойгоҳи Эронро ба унвони бозигари фаъол, мутавозин ва сулҳҷӯ дар Қафқози Ҷанубӣ тасбит намуд.