Январ 19, 2017 17:01 Asia/Dushanbe
  • Нигаронӣ аз сарнавишти 25 оташнишони зери харобаҳои сохтмони “Пласко”

Шаҳрдори Теҳрон гуфт, аз сарнавишти 20 то 25 нафар аз оташнишононе, ки дар хомӯш кардани оташи сохтмони “Пласко” ширкат доштанд, хабаре дар даст нест.

Муҳаммадбоқири Қолибоф, шаҳрдори Теҳрон дар мусоҳиба бо шабакаи “Хабар”-и Садо ва симои Эрон афзуд, дар нахустин дақиқаҳои оташсӯзӣ оташнишонон сокинон ва фурӯшандаҳоро аз сохтмони “Пласко” хориҷ карданд. Бинобар ин, ба қавли ӯ, ба ҷуз аз маъмурони оташнишонӣ каси дигаре дар ин сохтмон набудааст. Сухангӯи Созмони ёрии таъҷилии Теҳрон низ гуфт, аз 70 нафаре, ки дар ин ҳодиса садама дидаанд, 47 нафарашон ҷароҳати ҷузъӣ доштанд, ки дармон шуданд ва 23 нафар дигарашон ба бемористон интиқол ёфтааст. Раиси иттифоқи касабаи “Пӯшок”-и Теҳрон низ аз нобуд шудани 400 воҳиди тиҷорӣ дар оташсӯзӣ ва фурӯ рехтани сохтмони “Пласко” хабар дод.

Ҳасани Рӯҳонӣ, раисҷумҳури Эрон дар паёме ба вазири кишвари Эрон дастур дод, дар сареътарин замони мумкин иллату авомили ҳодиса мушаххас шуда, гузориши он эълом шавад ва барои расидагӣ ба маҷрӯҳон ва ҷуброни хисороти осебдидагон иқдомҳои фаврӣ сурат гирад.

Ҷаласаи Ситоди буҳрони шаҳри Теҳрон бо ҳузури шаҳрдор, фармондор, фармондеҳи нерӯҳои интизомӣ, муовинони додситон, намояндагони Ҳилоли Аҳмар ва Созмони ёрии таъҷилӣ дар ҳоли баргузорӣ аст.

Сохтмони 54-солаи “Пласко”, ки маркази тиҷории пӯшок дар Теҳрон буд, соат 7:59-и имрӯз, ба вақт Эрон, оташ гирифт ва соати 11:30 фурӯ рехт.