Содироти солона 2,5 миллиарддолларии ширкатҳои донишбунёни Эрон
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i121676-Содироти_солона_2_5_миллиарддолларии_ширкатҳои_донишбунёни_Эрон
Порс Тудей - Муовини рушди ширкатҳои донишбунёни Эрон, ҳаҷми содироти ин ширкатҳоро солона 2 миллиарду 500 миллион доллар эълом кард.
(last modified 2025-08-23T14:30:15+00:00 )
Август 23, 2025 19:28 Asia/Dushanbe
  • Содироти солона 2,5 миллиарддолларии ширкатҳои донишбунёни Эрон

Порс Тудей - Муовини рушди ширкатҳои донишбунёни Эрон, ҳаҷми содироти ин ширкатҳоро солона 2 миллиарду 500 миллион доллар эълом кард.

Тураҷ Имроӣ, муовини рушди ширкатҳои донишбунёни Эрон бо ишора ба фаъолияти 10 ҳазору 200 ширкати донишбунён дар кишвар, изҳор дошт: ин ширкатҳо солона 1200 ҳамат фурӯш доранд, ки 270 ҳамати он марбут ба колоҳо ва хадамоти донишбунёд аст.

Ба гузориши Порс Тудей ба нақл аз хабаргузории Меҳр, Имроӣ ҳаҷми содироти ширкатҳои донишбунёни Эронро солона 2 миллиарду 500 миллион доллар эълом кард ва афзуд, коло ва хадамоти донишбунёнҳо аз ин сабади содирот, саҳми 500 миллион долларӣ доранд.

Вай бо баёни ин ки ояндаи ҷаҳон ва иқтисоди ҷаҳонӣ аз они технологияҳои навин ва донишбунёнҳо аст, тасреҳ кард, ҳимояти рӯзафзун аз ин соҳа аз авлавиятҳо ва барномаҳои давлати чордаҳуми Эрон аст, чаро ки зарфиятҳои кишвар дар ин соҳа мутанаввеъ ва мутааддид ҷилва мекунад.