Маҳкумияти шадиди таҷовузи низомии режими саҳюнистӣ зидди Яман
-
Исмоил Бақоӣ Ҳомона, сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Эрон
Порс Тудей - Сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Эрон, таҳоҷуми ҳавоии режими саҳюнистиро ба Санъо, пойтахти Яман, аз ҷумла таъсисоти зербиноӣ ва нерӯгоҳи барқи ин шаҳр, ба шиддат маҳкум кард.
Исмоил Бақоӣ Ҳомона, сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Эрон ҳамлаҳои мукаррари режими саҳюнистиро ба зерсохтҳои иқтисодӣ ва ғайринизомии Яман, аз ҷумла фурудгоҳҳо, бандарҳо, нерӯгоҳҳои тавлиди барқ ва анборҳои маводи ғизоӣ, ҷинояти ҷангӣ ва ҷиноят зидди башарият тавсиф кард ва ин ҳамлаҳоро нишонаи ошкори зиддияти ин режим бо тавсеа ва ободонии кишварҳои минтақа донист.
Сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Эрон бо тамҷид аз ҳамбастагӣ ва ҳимояти мардуми Яман аз мардуми мазлуми Фаластин, масъулияти ҳамаи кишварҳои исломиро барои иқдоми оҷил ба манзури таваққуфи наслкушӣ ва кумак ба мардуми Ғазза дар баробари қаҳтии таҳмилии режими саҳюнистӣ зидди ин борика ёдовар шуд ва тасреҳ кард: иқдом барои муқобила бо наслкушӣ ва ҷиноятҳои ҷангии дар ҳоли вуқуъ дар Ғазза ва Каронаи Бохтарӣ, вазифаи қонунӣ ва ахлоқии ҳамаи давлатҳо, бахусус кишварҳои исломӣ аст./ Садо ва Симо