Намоиши осори 14 ҳунарманди эронӣ дар намоишгоҳи онлайни Уммон
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i121724-Намоиши_осори_14_ҳунарманди_эронӣ_дар_намоишгоҳи_онлайни_Уммон
Порс Тудей - Осори 14 ҳунарманди эронӣ дар намоишгоҳи онлайни "Чашмони мушоҳидагар" дар Уммон ба намоиш гузошта мешавад.
(last modified 2025-08-30T05:25:38+00:00 )
Август 25, 2025 13:21 Asia/Dushanbe
  • Намоиши осори 14 ҳунарманди эронӣ дар намоишгоҳи онлайни Уммон
    Намоиши осори 14 ҳунарманди эронӣ дар намоишгоҳи онлайни Уммон

Порс Тудей - Осори 14 ҳунарманди эронӣ дар намоишгоҳи онлайни "Чашмони мушоҳидагар" дар Уммон ба намоиш гузошта мешавад.

Намоишгоҳи онлайни "Чашмони мушоҳидагар" дар Уммон аз рӯзи душанбе оғоз мешавад ва то рӯзи шанбе идома дорад. Бино ба гузориши Порс Тудей ба нақл аз хабаргузории Меҳр, намоишгоҳи гурӯҳии ҳунарҳои таҷассумӣ ва саноеи дастии "Чашмони мушоҳидагар" дар 5 риштаи ҳунарии наққошӣ, наққошии хат, тасвирсозӣ, катибанависӣ ва аккосӣ, бо ширкати 14 ҳунарманди эронӣ ба сурати онлайн дар кишвари Уммон ба намоиш гузошта мешавад.

Маҳфили ҳунарии "Раҷа" ва муассисаи "Раввод-ут-тиҷорат ал-интоҷ ал-оламӣ", баргузоркунандагони ин намоишгоҳи гурӯҳӣ ҳастанд.