Оё занону мардон дар Эрон ҳуқуқ ва имконоти баробар доранд?
-
Оё занону мардон дар Эрон ҳуқуқ ва имконоти баробар доранд?
Порс-Тудей. Пас аз пирӯзии Инқилоби Исломӣ дар Эрон, бархе аз кишварҳои ғарбӣ талош карданд вонамӯд кунанд, ки дар ҳақи занони эронии зулм шудааст .
Бо пирӯзии инқилоби исломӣ дар соли 1979 бархӯрд ба мавқеъи занон дар ҷомеъаи Эрон ба таҳаввулоти куллӣ дучор шуд. Бар хилофи он чи, ки иддае гумон мекунанд, низоми Ҷумҳурии Исломӣ на танҳо монеи ҳузури занон дар арсаҳои мухталиф набуд, балки бо такя ба таълимоти исломӣ ва таъкидҳои Имом Хумайнӣ (р) барои рушду нуфузи занон дар арсаҳои илмӣ, фарҳангӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва сиёсӣ роҳ кушод. Ин гузориши Порс-Тудей, бо такя ба омори расмӣ ва муътабар ба баррасии ин пешрафтҳо мепардозад.
Назари Имом Хумайнӣ ва Имом Хоманаӣ дар бораи занон
Имом Хумайнӣ (р), бунёдгузори Ҷумҳурии Исломии Эрон, ҳамеша ба баробарии занону мардон дар ҷомеа таъкид кардааст. Вай гуфт: “Занҳо дар ҷомеаи исломӣ озоданд ва ба ҳеҷ ваҷҳ аз рафтан ба донишгоҳҳо, идораҳо ва порлумон монеъ намешаванд.”
Имом Хоманаӣ, Раҳбари Инқилоби Исломӣ низ, дар рӯзи 17 декабри соли 2024 дар дидор бо ҳазорон зану духтар, як асли шариъати исломӣ дар мавриди занро, “набуди ҳеҷ гӯна тафовути байни зану мард дар ҳаракати маънавӣ ва таъолии инсонӣ, ва дастёбӣ ба ҳаёти тайиба”, хонду гуфт: Аз дидгоҳи Ислом, бо вуҷуди тафовути ҷисмонӣ, ҳам мард ва ҳам зан дорои қобилиятҳои ақлонӣ ва амалӣ, навоварӣ ва истеъдоди бепоён доранд, ки занонро мисли мардон тавонманд ва дар бархе маворид вазифадор мекунад, ки дар бахшҳо ва фаъолиятҳои мухталифи илмӣ, сиёсӣ, иҷтимоъӣ, иқтисодӣ, байнулмилалӣ, фарҳангӣ ва ҳунарӣ нақш офарӣнӣ кунад.
Омӯзишу таҳсилот
Пас аз Инқилоби Исломӣ дар Эрон дар бахши омӯзишу парвариш дар дастрасии занон ба илму дониш тағйироти қобили мулоҳизае сурат гирифтааст:
Сатхи саводнокии занон аз %15 пеш аз Инқилоб ба бештар аз %80 расид.
61 дарсади дохилшавӣ ба донишгоҳҳои Эронро духтарон ташкил медиҳанд.
33 дарсади устодони донишгоҳ ва 44 дарсади факултаи тиббии Эронро занон ташкил медиҳанд.
Саломату беҳдошт
Ҷумҳурии Исломии Эрон дар бахши беҳдошт ва cаломат барои беҳбуди вазъи занон тадобири муассир андешидааст:
Умед ба зиндагии занони эронӣ ба 78 сол расидааст.
Мизони фавти модарон ҳангоми таваллуди фарзанд, то 20 маврид дар ҳар 100 ҳазор таваллуд коҳиш ёфтааст .
Зиёда аз 70 дарсади кормандони тиббии Эронро занон ташкил медиҳанд.
Пӯшиши ҳамагонии саломат барои 99 дарсади рӯстоӣону ашойир (кучманчй) ва 100 дарсади шаҳрнишинон фароҳам шудааст .
Эрон дар коҳиши маргу мири навзодону кӯдакони зери 5 сол , рутбаҳои ҷаҳонӣ касб кардааст .
Иштиғолу корофарӣнӣ
Дар арсаи шуғл ва корофарӣнӣ (соҳибкорӣ) занони эронӣ нақши фаъол ва муассир бозидаанд:
41% ҷойҳои кории таъсисдодашуда ва 80% иҷозатномаҳои соҳибкории хонагӣ ба занон ҷудо карда шудаанд.
Дар Эрон беш аз 4000 ширкати донишбунён тавассути занон идора мешавад .
24%-и ихтироъкорони эронӣ занонанд (Миёнгини ҷаҳонии занони мухтареъ дар ҷаҳон 14% аст.)
Дар Эрон тарҳҳои пуштибонӣ аз қабили додани қарзҳои бидуни гарав ба занони сарпарасти хонивор амалӣ шудаанд.
Мушорикати сиёсӣ ва мудӣриятӣ
Занони эронӣ низ дар арсаҳои сиёсӣ ва идорӣ ба пешрафтҳои қобили мулоҳизае даст ёфтаанд:
Таъйини занон барои шуғлҳои мудӣриятӣ аз 19 ҳазор дар соли 2020 ба беш аз 40 ҳазор нафар дар соли 2023 афзоиш ёфтааст.
Дар давлати чаҳордаҳуми Эрон , беш аз 70 зан дар маносиби калидӣ монанди вазир , муовини раиси ҷумҳӯру сухангӯии давлат ҳузур доранд .
14 зан дар маҷлиси шӯрои исломи )порлумон)-и Эрон ва садҳо нафар дар шӯроҳои шаҳру рӯсто фаъолият доранд .