Амир Акраминиё: Барои душман гузинаҳои ғофилгиркунанда дорем
-
Амири сартип Муҳаммади Акраминиё, сухангӯи Артиши Ҷумҳурии Исломии Эрон
Порс-Тудей. Сухангӯи Артиши Ҷумҳурии Исломии Эрон таъкид кард: Агар душман дубора дучори хатои муҳосиботӣ шавад, ҳатман бо гузинаҳои ғофилгиркунандаи дигаре рӯ ба рӯ хоҳад шуд.
Ба гузориши Порс-Тудей, амири сартип Муҳаммади Акраминиё, сухангӯи Артиши Ҷумҳурии Исломии Эрон бо баён кардани ин ки агар душман дубора дучори хатои муҳосиботӣ шавад, ҳатман бо гузинаҳои ғофилгиркунандаи дигаре рӯ ба рӯ хоҳад шуд, гуфт: Ин гузинаҳо илова бар азму иродаи ҳамразмонони мо дар Нерӯҳои мусаллаҳи Эрон, шомили таҷҳизоти пешрафтатар ва нав, усулҳои навини ҷанг ва аз ҳама муҳимтар, арсаҳои нави ҷанг хоҳад буд.
Амир Акраминиё дар идома бо баёни ин ки эъломи оташбас дар як иқдоми риёкорона аз сӯи Амрико сурат гирифт, тасреҳ кард: Онҳо эълом карданд, ки тарҳи Эронро ба унвони асоси музокира мепазиранд ва ҳозир ҳастанд музокиротро дар Покистон бар асоси он тарҳ оғоз кунанд. Аммо дар он ҷо ҳам суханҳое мухолифи изҳороти ибтидоии худ заданд, ки мунҷар ба таваққуфи музокирот шуд. Ба ҳар ҳол, рӯй овардани душман ба оташбас, худ нишондиҳандаи адами тавфиқи душман дар дастёбӣ ба аҳдофаш будааст.
Вай гуфт: Мо дар Нерӯҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Исломии Эрон вазъияти оташбасро ҳамчунон вазъияти ҷангӣ талаққӣ мекунем. Абадан ба душман эътимод надорем ва дар ин шароит, кӯшиш кардем қувва ва бонки аҳдофамонро ба рӯз кунем.