Тими канополои ҷавонони Эрон ба ниманиҳоии Осиё роҳ ёфт
Порс Тудей - Тими канополо (Canoe Polo)-и ҷавонони Ҷумҳурии Исломии Эрон бо пирӯзӣ бар Ҷопон, ба ниманиҳоии рақобатҳои қаҳрамонии Осиё роҳ ёфт.
Ба гузориши Порс Тудей, мусобиқоти каноэ-полои қаҳрамонии Осиё аз 10 то 14 сентябри соли 2025 (19 то 23 шаҳривари 1404), дар Путраҷаяи Малайзия баргузор мешавад.
Миллипӯшони зери 21-соли Эрон дар марҳилаи чорякниҳоӣ бо натиҷаи ҳашт бар як Ҷопонро шикаст доданд ва ба ниманиҳоии мусобиқоти қаҳрамонии Осиё роҳ ёфтанд.
Тими канополои ҷавонони Ҷумҳурии исломии Эрон бо таркиби Оршом Ҳайдарпур, Ориён Насирӣ, Сапанто Муҳсинӣ, Ораш Ироқӣ, Парҳом Нурӣ, Амирризо Киёнӣ, Нимо Роздашт ва Муҳиддин Каримӣ бо ҳидояти Ашкон Сайёдӣ ва Мустафо Ҳақҷӯ, дар ин рақобатҳо ширкат кардааст.
Ҳамчунин, дар ин рақобат Амирризо Киёнӣ се гол, Ориён Насирӣ ду гол, Муҳиддин Каримӣ ду гол ва Сапанто Муҳсинӣ барои Эрон голзанӣ карданд.
Ҷавонони Эрон шанбе дар даври ниманиҳоӣ ба масофи тими канополои Малайзия, мизбони ин рақобатҳо хоҳанд рафт.