Январ 19, 2017 21:06 Asia/Dushanbe
  • Имзои ду санади ҳамкории ҳастаӣ байни Эрону Русия

Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Русия ду санади ҳамкорӣ дар заминаи густариши ҳамкориҳои сулҳомези ҳастаӣ имзо карданд.

Беҳрӯзи Камолвандӣ, муовини Созмони энержии ҳастаии Эрон дар дидор бо мақомоти ширкати “Россатом” ду санадро дар чорчӯби БАРҶОМ ва истифодаи сулҳомез аз энержии ҳастаӣ ба имзо расонданд. Ин санадҳо барои ҳамкорӣ дар заминаи тавлиди изотопи пойдор дар Маркази атомии Фурдуи Эрон ва иҷрои тафоҳумномаи тирамоҳи соли 2014 имзо шуд.

Беҳрӯзи Камолвандӣ барои дидору гуфтугӯ бо мақомоти рус рӯзи сешанбе ба Маскав сафар кард. Ӯ дар ин сафар бо Алексей Лихачев, раис ва Николай Спаский, муовини раиси ширкати "Русатом" дидор ва мавзӯъҳои мухталифе, аз ҷумла ҳамкориҳои муртабит ба иҷрои тавофуқи ҳастаӣ, раванди сохти ду нерӯгоҳи ҷадиди ҳастаӣ дар Бушаҳр ва ҳамкорӣ дар Маркази атомии Фардуи Эронро баррасӣ кард.

 

Барчасп